Баргузории мизи мудаввар бахшида ба ҳафтаи илм дар Донишгоҳ


Баргузории мизи мудаввар бахшида ба ҳафтаи илм дар Донишгоҳ

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳамасола моҳи апрел дар тамоми муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои илмию пажӯҳишгоҳҳо гуногуни ҷумҳурӣ ҳафтаи илм бо шаҳомати хоса баргузор мегардад. Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” низ ҳамасола бахшида ба Рӯзи илми тоҷик чорабиниҳои гуногуни илмӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи асосии онҳо ба баланд бардоштани савияи дониши олимони ҷавон, ҷалб намудани онҳо ба илму кашфиёт ва навоварию ихтироъкорӣ мебошад. Ба ин муносибат санаи 17 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмӣ мизи мудаввари омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он беш аз сад муҳассилин иштирок намуданд.

Дар оғози ин чорабинӣ аз ҷониби масъулини шуъба бо мақсади муайян намудани рафти корҳои илмию таҳқиқотии олимони ҷавон, мушкилоту камбудиҳо ва пешравию навовариҳои онҳо ба ҳар як нафар магистрону аспирантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рӯйи ихтисос варақаи рейтингӣ тақсим карда шуд. Ба саволҳои ҷойдошта аз ҷониби муҳассилин ҷавобҳои мушаххас гардонида шуда, таҳлили онҳо нишон дод, ки дар рафти иҷрои рисолаҳои илмӣ камбудиҳои назаррас ҷой надоранд.

Дар чорабинии баргузоршуда аз ҷониби мудири шуъбаи илм ва иноватсия н.и.т. Ализода С.Ғ. доир ба муҳимияти баргузории ҳамоишҳои илмӣ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки воқеан «Ҳафтаи илм» фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии олимони ҷавони Донишгоҳ мебошад. Бахзе масъалаҳои дар мизи мудаввар баррасишуда доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли  умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо»-ро низ дар бар мегирифтанд.

Аз ҷониби мудири шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмӣ н.и.т. Неъматзода О. қайд карда шуд, ки баргузор намудани “Ҳафтаи илм” заминаи хуб барои рушду такомули олимони ҷавон мебошад ва чунин чорабиниҳои илмию тарбиявӣ, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии магистрон, аспирантон ва доктарантон аз рӯи ихтисос (PhD)  мусоидат менамояд. Ҳадафи дигари ин ҳамоиши илмӣ аз он иборат буд, ки фазои хубу озоди муколамаи илмӣ фароҳам оварда шавад, то ки олимони ҷавон миёни худ таҷрибаю навовариҳои ба дастовардаашонро мубодила ва муаррифӣ  намоянд. Иштироки фаъолонаи мухассилин дар ин чорабинӣ ба баланд шудани сатҳи дониш, рушди малакаҳои илмию амалии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон аз ҷониби сармутахассисони шуъба Нарзиева Ф.А. ва Субҳонова Г.С. ба олимони ҷавон тарзи дар пойгоҳи китобхонаи электронии илмии Россия (РИНЦ) обуна ва ба қайдгирӣ машварату тавсияҳо дода шуд. Оид ба тарзи дуруст навиштани мақолаҳои илмӣ ва ба талаботҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани онҳо мутахасиссисони шуъба Манонова П.И. ва Нарзуллозода М.Ҷ. ба ҳозирин маълумотҳои нави илмӣ дода шуд. Инчунин дар ин ҳамоиши илмию таълимӣ олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз роҳҳои васеъ намудани доираи нашри корҳои илмиашон маълумот пайдо намуда, доир ба тарзи нави ҷустуҷӯйи адабиётҳои навтарин дар сомонаҳои маҷаллаҳои хориҷӣ шинос карда шуданд.

Дар Донишгоҳ ҷорабини илмӣ бахшида ба “Ҳафтаи илм” идома дошта, дар охири моҳи ҷорӣ – 25 апрели соли 2025 гузаронидани Конференсияи солонаи илмию амалии байналмиллалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар назар аст, ки дар кори он беш аз 350 маърӯзаҳои аспирантону унвонҷӯён докторони фалсафаю донишҷӯён баррасӣ ва мавриди баҳогузорӣ қарор гиранд.  
3
2
1
19.04.2025 41

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php