ТОҶИКОНА БИАНДЕШЕМ, ТОҶИКОНА БИПӮШЕМ!
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби суннатҳои волои миллӣ, аз ҷумла арҷгузорӣ ба либоси миллӣ ва бо ҳамин васила пешгирӣ намудан аз тамоюли бегонапарастӣ пайваста аксияҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда мешаванд. Бо қаноатмандӣ зикр бояд дошт, ки дар амалӣ намудани ин иқдоми наҷиб бонувону духтарони Донишгоҳ ҳамеша дар сафи пеш истода, бо нишони эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннати ниёгон дар ин чорабиниҳо иштироки фаъолна менамоянд.
Санаи 17-уми апрели солӣ ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” аксияи навбатии “Тоҷикона мепӯшем” доир гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон бо либоси зебои миллӣ ширкат варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки либоси озодаи тоҷикон писанди меҳмонони хориҷӣ гардида, бо нишони эҳтиром ба фарҳанги пурғановати тоҷикон бо иштирокдорон-намояндагони Донишгоҳ акси хотиравӣ гирифта шуд.