ИШТИРОКИ БОНУВОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”


ИШТИРОКИ БОНУВОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”

Ҳамасола дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” баргузор мегардад, ки дар он занону духтарони фаъол аз гӯшаю канори кишвар иштирок менамоянд. Дар баробари дигар бонувон, имсол  Донишгоҳро омӯзгорони кафедраҳои эндокринология ва тибби оилавӣ намояндагӣ карда, дасторхони пурнозу неъматро бо намоиши хурокҳои миллӣ пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Бонувони фаъол 30 навъи хурокҳои миллӣ, навъҳои гуногуни нон ва тарзи оростани дасторхони тоҷиконаро муаррифӣ карданд ва аз ҷониби намояндагони Ҳукумати мамлакат баҳои баланд гирифтанд. Либосҳои миллии омӯзгорон ба чорабинии мазкур зебогии иловагиро замм карда, донишҷӯдухтарон Шамсиддинова Нилуфар ва Ашурова Муҳиба бо садои зинда фалаки тоҷикона сароиданд,, ки писанди ҳамагон омад. Донишгоҳ барои фаъолияти пурсамарашон дар ин самт бо тӯҳфаи хотиравӣ ва “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.


Муовинати тарбия


18.04.2025 39

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php