ИН ҶО ДИЛЕ МЕТАПАД, КИ САРОПО МУҲАББАТ БА ВАТАН ВА УМЕДИ ФАРДОИ ДУРАХШОН АСТ
Бахшида ба Рӯзи Пойтахт бо ибтикори раёсати Донишгоҳ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳассилин ва кормандон иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирокдоронро ба ин санаи муҳими таърихӣ шодбош гуфта, зикр доштанд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ, нигини пурҷилои Тоҷикистони маҳбуб-Душанбешаҳр рӯз то рӯз зебову обод гардида истодааст. Бо ифтихори баланди миллӣ зикр бояд дошт, ки заҳматҳои хастанопазири фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки имрӯз пойтахти ҳамешабаҳори мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун амнтарин шаҳр шинохта мешавад. Инчунин, солҳои охир дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе маркази зебову обод, шаҳри гулҳо ва ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён мизбони чандин мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ гардида буд.
Калонзода Азиз Саидхоҷа-сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба таърихи якасраи пойтахт маълумот ироа намуда, дирӯзу имрӯзи онро бо далелҳои мушаххаси таърихӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ дастаи ҳунарии “Шифо” бо созу навои дилангез, ки аз меҳру муҳаббати сокинони пойтахт нисбати Душанбешаҳр саршор буд, пешкаши иштирокдорон гардид.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА