ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ДАР БАЙНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ВА ШОМИЛ НАГАРДИДАНИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ
Санаи 16.04.2025 бо ташаббуси МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши маърифатӣ дар мавзуи «Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» бо ҳузури намояндагони ВКД дар шаҳри Душанбе ва иштироки васеи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш нахуст сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ – Муродов Ш.Д. суханронӣ намуда, ҳузури меҳмононро дар Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҳамкориҳои судманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо бо МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бар манфиат ҳисобид. Ҳамзамон, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ давлати ҷавон асту сарфи назар аз ин, дар ҷодаҳои амният, сиёсат, иқтисод, илм, маориф, фарҳанг ва амсоли инҳо бо пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст, аз хизматҳои беназири як қатор фарзонафарзандони он, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Зикр карда шуд, ки насли ҷавони саодатманду некиқболи тоҷикро мебояд, бо шукргузорӣ аз ин даврони шукуфоӣ, ки дар таърих ногузир аст, аз пайи омўзиш шуда, дар гиромидошти Истиқлол ва пешрафти давлат саҳми бориз гузоранд. Тавре маълум аст, Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон эътимоду боварии амиқ дошта, дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рўзи ҷавонон (22. 05. 2023) ин қишри ҷомеаро неруи “созанда” ва “бунёдкор” унвон кардаанд: “Мо дар сиёсати худ ҷавононро неруи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрўз ба онҳо такя мекунем.”
Сипас, муовини сардори Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Саидзода Баҳрулло роҷеъ ба хатари гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон суханронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм вазифаи ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб ёфта, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашариро гиромӣ дошта, баҳри решакан намудани ақидаҳои ифротӣ талош варзад. Мусаллам аст, ки дар ҷомеаи муосир яке аз муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳон, ки боиси нигаронии мардуми олам гардидааст, ин ривоҷ ёфтани терроризму экстремизми байналмилалӣ мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар ҳар баромаду суханрониҳояшон мардуми тоҷик, хусусан, ҷавононро таъкид менамоянд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон кӯшиш намоянд. Пешвои миллиат иброз доштаанд, ки: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Ҳамчунин, роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангарди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Юсупов Муҳаммадҷон баромад намуда, саҳми ҷавононро дар ободии мамлакат муфид арзёбӣ намуд. Инчунин, иброз дошт, ки тайи солҳои охир сафи ҷавонони волонтёр афзуда шумораи аъзои гурӯҳи Авангард, ки мақсадашон бевосита тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлол аст, зиёд шуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо зери сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ба камол расида истодаанду пайи хидмат ба халқу Ватан камари ҳиммат баста истодаанд.
Дар интиҳо сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ ҳузури меҳмононро аз номи Раёсати Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур дар зеҳну афкори донишҷӯён таъсири мусбии худро хоҳад гузошт.
Муовинати тарбия