ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД
Санаи 15-уми апрели соли 2025 ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуёни курси 1-уми факултети стоматологӣ таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ. Бо мақсади шиносоии донишҷуён ва огоҳӣ аз таърихи гузаштагон, бо мақсади саёҳати тарбиявӣ аз Осорхонаи Донишгоҳ дидан намуданд.
Шиносоӣ аз Осорхона, ки ба ҳар як фарди солимфикр имкон медиҳад, то ба гузаштаи дур назар андозад, ояндаи дурахшони кишварашро дарк намояд ва дар бунёди он саҳми арзанда гузорад. Ба ибораи дигар, осорхона китоби бузурги таърихи миллат ва инсоният маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ба ҳифзи ёдгориҳои безаволи ниёгон, ки ҳастиву бузургии миллатро собит месозанд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад.
Барои огаҳии бештари ҷавонон аз таърихи пурғановати тиб нақши Осорхонаи Донишгоҳ ниҳоят калон аст. Зеро маҳз тавассути ин макони илмию маърифатӣ ҷавонон оид ба таърихи тиб ва фарҳанги худшиносӣ маълумоти дақиқ ба даст меорад.
Дар рафти боздид аз Осорхона онҳо аз мудири он Усманова Г дар бораи ин ганҷинаи бебаҳои миллӣ маълумоти густарда ба даст оварданд. Мақсади асосии осорхона бозёфт, ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва ҳуҷҷатнигории деворанигораҳо, экспонатҳои асосӣ, таърихи кафедраҳо, дастовардҳои илмӣ ва варзишии омӯзгорону донишомӯзон ва робитаи донишгоҳ бо дигар донишгоҳҳои дохи ва хориҷи кишвар мебошад. Дар осорхона бештар корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ мушоҳида мешавад ва ин амр ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии милли донишомӯзонро баланд бардошта меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ ва анъанаҳои миллиро тарбия мекунад.
Ҳама чиз аз рӯи низом тарҳрезӣ шуда, якчанд утоқҳо (утоқи президентӣ, ҳуҷраи дастовардҳои ректорон ва профессорон, ҳуҷраи ҳамкориҳои байналмиллалӣ)ва намоиши мактабҳои илмии донишгоҳ тарҳрезӣ шудаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ зикр намуда буданд, ки: «Осорхона оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад».