ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР


ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР

Таҳти чунин унвон дар кафедраи фармокология бахшида ба Рӯзи Пойтахт чорабинии тарбиявӣ-маърифатӣ баргузор карда шуд. Роҳбарияти кафедра зимни суханронии табрикотии хеш изҳор доштанд, ки Душанбешаҳр-нигини пурҷилои Тоҷикистони маҳбуб, хонаи умуеди тоҷикистониён ва тахти баланди кулли тоҷикони ҷаҳон аст. Бо изҳори хушнудӣ иброз гардид, ки давоми як аср шаҳри Душанбе аз як кӯчаи танги меросмондаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба як шаҳри ормонҳо, шаҳри сулҳ ва амнтарин пойтахт табдил ёфта, дар доираи сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз то рӯз зебову обод гардида истодааст.

Сипас, дорнишҷӯёни факултети тиббӣ ва педиатрӣ дар васфи Ватан, сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойтахти маҳбуби тоҷикон-шаҳри Душанбе шеърҳо қироат намуда, маърӯзаҳо ироа карданд.


17.04.2025 62

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php