ОЯНДА АЗ ИМРӮЗ ОҒОЗ МЕЁБАД


ОЯНДА АЗ ИМРӮЗ ОҒОЗ МЕЁБАД

Маҳорати касбии табибон аз давраи донишҷӯӣ оғоз меёбад. Дар ин давра иштирок дар озмунҳои гуногун, Олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ ва байналмилалӣ мояи ифтихор ва намунаи ибрат ба ҳисоб меравад. Ширкат варзидан дар Олимпиада пеш аз ҳама ин инкишофи қобилиятҳои интеллектуалӣ-эҷодӣ, тафаккур ва хусусияти мантиқиро такмил медиҳад ва ҷаҳонбиниро васеъ мегардонад.

     Санаи 25 марти соли 2025 дар Академияи тиббии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон тариқи маҷозӣ (онлайн) дар Олимпиадаи V-уми байналмилалии «Пайравони Сино», донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ Азиззода Мирзобег, Намозов Хасанҷон ва Собиров Собирҷон таҳти роҳбарии ассистенти кафедра н.и.т., Абдувалиева М.А аз фанни физиологияи нормалӣ иштирок намуданд.

Озмун аз якчанд марҳила, тибқи талаботҳои санҷиши дониш тариқи саволҳои тестӣ, ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ ва марҳилаи пурсиши шифоҳӣ иборат буд.

Донишҷӯёни Донишгоҳ маҳорати баланди касбӣ нишон дода соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд ва бо ифтихорномаҳои фахрӣ мукофотонида шуданд.


КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ


17.04.2025 69

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php