ТАШВИҚОТИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ ТАРИҚИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ


ТАШВИҚОТИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ ТАРИҚИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

Барои ҳамкории минбаъдаи давлатҳои минтақа дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, соли 2009 бо ташаббуси Тоҷикистон гурӯҳи «чоргонаи Душанбе» таъсис шуд, ки ба ҳайати он Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон дохил гардиданд. Дар вохӯрии сарони ин давлатҳо соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили бехатарии минтақа муҳокима гардид. Соли 2010 роҳбарони давлатҳои «чоргонаи Душанбе» дар шаҳри Сочи ва соли 2011 дар Душанбе вохӯриҳои судманд гузарониданд. Бояд қайд намуд, ки вохӯрии ду давлати аъзои СААД ва ду давлати тавлидкунандаи терроризму экстремизм имкон дод, ки ҳар ду тараф манфиатҳои минтақавӣ ва геополитикии худро изҳор намоянд ва роҳҳои ҳалли пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои террористиро ҳаллу фасл намоянд.

Соли 2010 аз тарафи давлатҳои аъзои СҲШ “Барномаи амалӣ барои солҳои 2010-2013” қабул гардид. Дар доираи ҳамин қарордодҳо дар ҳудуди ҳамин давлатҳо 450 амалиёти террористӣ пешгирӣ гардида, 400 роҳбари ташкилотҳои террористӣ ба рўйхати ҷустуҷуӣ ворид карда шуданд. Аммо дар баробари дигар дар ҳудуди ин давлатҳо воқеаҳои ҷанги ахборотӣ мушоҳида гардиданд, ки дар натиҷаи он миёни аҳолӣ маводҳои дорои мазмуни экстремистӣ паҳн мешуданд. Дар расонаҳои интернетӣ чунин маводҳо ба монанди филми видеоӣ бо номи «89 сол бе халифат», маҷаллаи «Халифат» № 2 аз соли 1998, китоби Саид Қутб «Оянда ба ислом тааллуқ дорад» (М..,нашриёти «Сантлада», соли 1993), китоби «Тавҳид» (муаллиф Муҳаммад ибн Сулаймон ат-Тамими, (нашриёти"Бадр"), китобҳои Такиуддини Набҳони «Системаи ислом», «Давлати исломӣ», «Демократия – системаи куффор», маҷмӯи асарҳои Саид Нурси ( «Рисале-и Нур»,«Муноҷот (Намоз). Нури саввум» (соли 2002 бо тарҷумаи М.Г. Тамимдаров), «Роҳи ҳақиқат» нашрияи соли 2004, китоби «Ҳаёт ва фаъолияти Шайх Муҳаммад ибн Абд ал-Ваххаба…» ва дигар маводҳои аз тарафи органҳои давлатӣ манъшуда паҳн мегардиданд.


ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


16.04.2025 69

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php