АЗ ҲАМСОЯГӢ ТО ҲАМКОРӢ: БАРРАСИИ РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ОХИРИ АСРИ ХХ ВА АВВАЛИ АСРИ ХХI
Асри XX барои Тоҷикистон давраи гардиши куллӣ буд. Мардуме, ки бо таърихи ҳазорсолаи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, дар шароити иттиҳоди ҷумҳуриҳо қарор дошт. Даврони Шӯравӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳи тараққиёти худ ба зинаи баланди рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барояд.
Маълум аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта мамлакати мо истиқлолияти давлатии худро соҳиб шуд. Як муддат шикасти муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо мамолики аъзои собиқ ИҶШС ба амал омад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастгирии қувваҳои беруна бо мақсади тағйир додани сохти давлатӣ оғоз гардид, ба бӯҳрони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ оварда расонда, мамлакати моро дар ҳолати вазнин нигоҳ дошт. Хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ ва ҷанги бародаркуш раҳоӣ ёфта, мардуми Тоҷикистон шинохти ҷаҳонии худро пайдо карда, узви созмонҳои баландпояи байналхалқӣ ва минтақавӣ гардид. Аз ин рӣ, таҳлили ин масъала дар шароити соҳибистиқлолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои кушод бо давлатҳои дунё муносибати дӯстона барқарор намуда, имрӯз зиёда аз 200 давлати ҷаҳон кишвари моро ба расмият мешиносанд. Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аст, ки аз ҳуқуқбунёду демократӣ будани давлат шаҳодат медиҳад.
Тоҷикистон бо ҳамсоягии нек бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити ҳамаҷониба дорад, ки дар ин гузориши мухтасар мақсад гузоштем,ки муносибатҳои неки ҳамсоядории Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намоем.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аниқтараш 14-уми январи соли 1993 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қирғизистон барқарор гардида, то ба имрӯз аз равобити пешрафтаву муносибе бархӯрдор ҳастанд. Пӯшида нест, ки солҳои охир бо сабаби мушкилоти марзӣ муноқишаҳо сар заданд, вале сиёсати созандаву инсонпараваронаи сарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ва хиради ҳамсоядориву хешутабории байни ду мардум даст дод, ки ин мушкилот дар муҳалти кӯтоҳтарин аз байн равад. Тоҷикону қирғизҳо давоми солҳои тӯлонӣ бо дигар мардуми дӯсту ҳамсояи хеш узбекҳо, қазоқҳо ва туркманҳо дар фазои орому ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар бурда буданд ва ин решаи таърихӣ бояд ҳаргиз гусаста нагардад. Албатта, мушкилот дар ин самт имрӯзҳо дар тамоми давлатҳои ҷаҳон рух медиҳанд, ҳатто дар байни давлатҳои абарқудрати сайёра. Аммо, масъалаи асосӣ он аст, ки сиёсати муваффақона бояд пеш бурд то мушкилот на бо роҳи истифодаи яроқ, балки гуфтушуниду ҳамкории мутақобила сурат гирад.
Усули асосии сиёсати ҳамкории ду ҷонибро Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ, ки 12 –уми июли соли 1996 имзо шудааст ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, оид ба муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ , ки 26 майи соли2004 ба имзо расида буд, инъикос мекунад.
Дар зарфи солҳои гузашта мулоқоту дидорҳои сершумори сарони ду давлати дӯсту бародар ба вуқӯъ пайваста, дар ҷараёни онҳо масоили рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозии мавқеи ду давлат оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва масъалаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тоҷикистону Қирғизистон пайваста ҷонибдори садоқатманди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими раванди ҳамгироӣ мебошанд. Ду кишвар бо ҳамкориҳои фаъолона дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғ. аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Дар умум муносибатҳои ҳамсоякишварҳо Тоҷикистону Қирғизистон дар меҳвари сиёсати оқилонаи сарони ду ҷониб имрӯзҳо боз ҳам рушд ёфта, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.
Қурбоналиева Тоҷинисо-ассистенти кафедраи фтизиопулмонология