ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ УРОЛОГИЯИ БА НОМИ ПРОФЕССОР ОСИМӢ А.С. НАЗАРРАСАНД
Кафедраи урологияи ба номи профессор Осимӣ А. С. яке аз кафедраҳои пешқадами Донишгоҳ буда, дар баробари пешбурди фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва муолиҷавӣ инчунин, дар рушди илми тибби тоҷик низ нақши муассир дорад. Ҳайати кафедра таҳти роҳбарии олими ҷавону умедбахш, табиби ҳозиқ ва педагоги варзида Саъдуллозода Фарҳод зимни муолиҷаи беморон усулҳои нави пешгирии бемориҳоро омӯхта ба риштаи тадқиқ мекашанд. Ин ҳолат нуфузи илмии кафедраро боз ҳам баланд намуда, корҳои илмии омӯзгорон ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Натиҷаи корҳои босамар нишон дод, ки мавзӯи илмии ҷавонтарин олими кафедраи мазкур Усмонзода Бахтиёр Нурилло “Усулҳои муқоисавии табобати уретеролитиаз” бо Диплом ва Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Ҷоизаи мазкур гувоҳ аз он аст, ки олимони ҷавони соҳаи тандурустии мамлакат дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар рушди илми тоҷик минбаъд низ нақш хоҳанд гузошт.
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ олими ҷавону умедбахш Усмонзода Бахтиёрро барои ин дастоварди арзишманд табрику муборакбод намуда, барояшон дар пешбурди корҳои ояндаи илмӣ бурдбориҳо орзу менамоянд.