ҶОИЗА МУБОРАК БОШАД!
14 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сухани муқадимавии хеш аҳли илмро муборакбод намуда, зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Ҳамзамон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илмро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуда, аз дастовардҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ёдовар шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ олимону академиконе, ки солҳои тулонӣ дар рушди илми тоҷик заҳмат кашидаанд, бо ҷоизаву ифтихорномаҳои роҳбарияти академия ва олимони ҷавон бо Ҷоиза ва дипломи АМИТ қадршиносӣ гардиданд.
Кабирзода Ҷовидон Нурмаҳмад – номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, барои дастовардҳои арзандаи илмӣ дар соли 2024 бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон сарфароз гардонида шуд.
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ олими ҷавони муваффақ Ҷовидон Нурмаҳмадро барои сазовор гардидан ба дастоварди зикргардида табрику муборакбод намуда, дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илм барояшон бурдбориҳо орзу менамоянд.