БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ

Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии кишвар, баргузории шанбегиҳо ва иқдомҳои ободкорӣ ба ҳукми анъанаи нек даромадаанд. Имрӯзҳо дар тамоми сохтору муассисаҳо шанбегиҳои дастаҷамъона бо шукӯҳ ва рӯҳияи баланд баргузор мегарданд.

Саҳм гузоштан дар ободонии Ватан, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрвандони солимфикр ба шумор меравад.

Санаи 12-уми апрели соли 2025, бо мақсади татбиқи дастури директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ”, профессор Саидзода Баҳромуддин Икром, кормандони Пажӯҳишгоҳ дар шанбегии дастаҷамъона фаъолона ширкат варзида, корҳои гуногуни ободониро анҷом доданд.

Инсон дар рӯи замин сарчашмаи тамоми ободӣ, озодӣ ва пешрафтҳост. Маҳз бо заҳмати самимии инсон муҳит тозаву озода нигоҳ дошта шуда, зиндагии солиму мутаносиб таъмин мегардад. Ҳифз намудани табиат, нигоҳдошти покии муҳити зист ва гирду атрофи шаҳр на танҳо амали ахлоқӣ, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост.


Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ

 


12.04.2025 110

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php