ОСОРХОНА МЕРОСИ НИЁГОНИ МО (ТААССУРОТИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ТАМОШОИ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ)


ОСОРХОНА МЕРОСИ НИЁГОНИ МО (ТААССУРОТИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ТАМОШОИ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ)

Санаи 11 апрели соли 2025 мувофиқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбиявии кафедра ҳайати кормандони кафедра бо донишҷуёни соли 3 –юми факултети тиббӣ аз осорхонаи Донишгоҳ дидан намуданд. Осорхонаи мазкур қимматарин ва бебаҳотарин маълумоти донишгоҳ мебошад. Дар баробари ворид шудан ба ошёнаи осорхона аксҳои зебою дидании манзараҳои Тоҷикистони маҳбубамон ба намоиш гузошта шудаст. Ин барои донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон ҳамчун рамзи диққатҷалбкунанда буд. Баъдан ба ҳар як утоқи осорхона даромада аз таърихи донишгоҳ ва мактаби илмии соҳавии он шинос шудем, ки дар ҳар як қадами ин ҳазор ҳазор рамзи давлату давлатдорӣ ва муқаддасоти милиро дидан мумкин аст. Дар вақти дидан кардан аз осорхонаи утоқи Пешвои Миллат ба осори қимматбаҳои таърихии он шинос шудем, ки таҷасумгари таърихи миллати азизамон буд. Аз ҷумла дар осорхона нишонҳо ва мукофотҳои фахри, меҳмонони олиқадри хориҷӣ, аксҳои олимони намоёни миллат низ ҷой дода шуданд. Мавҷудияти чунин осорхона гувоҳи онаст, ки Донишгоҳ   аз давраҳои оѓози фаъолияти худ зеҳниятҳои илмию таърихии худро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медорад.

Дар хулоса бояд, қайд кард, ки дидан кардан аз ин осорхонаи зебою таърихї ба ҳама новобаста аз сину сол ва касбият як илҳоми тоза мебахшад.

 

Кафедраи анатомияи топограви ва амалияи ҷарроҳї ба номи профессор Каримов М.К.


12.04.2025 110

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php