Сафари расмии намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон ба МДТ ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино
Санаи 10-уми апрели соли 2025 ба МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии директори Маркази бемориҳои қалби Шимкент Дархан Жорабекович Суйгенбаев ташриф оварданд.
Ҳадафи сафари мазкур ин рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ, илм ва омодасозии кадрҳо мебошад.
Дар доираи ин сафар вохӯрии меҳмонон бо ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро, аз ҷумла мубодилаи академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон баррасӣ намуданд. Ҳамзамон имкониятҳои мубодилаи таҷриба дар самти таҷрибаҳои муосири таълимӣ ва клиникӣ муҳокима гардиданд.
Дар ҷараёни сафари худ меҳмонон инчунин бо фаъолияти Маркази смулятсионии Донишгоҳ шинос шуданд, ки дар он ҷо ба онҳо технологияҳои муосири симулятсионӣ, ки дар таълими донишҷӯён ва такмили ихтисоси кормандони тиббӣ истифода мешаванд, муаррифӣ гардиданд. Илова бар ин, ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи донишгоҳ низ боздид намуданд ва бо таърихи таъсис ва рушди Донишгоҳ, дастовардҳо ва саҳми он дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд.
МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” ҳамкориҳои байналмилалиро фаъолона рушд дода, робитаҳои худро бо муассисаҳои пешбари тиббии дохил ва хориҷи кишвар таҳким мебахшад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ