КИМИЁДОНҲОИ БЕҲТАРИН МАЪЛУМ ГАРДИДАНД


КИМИЁДОНҲОИ БЕҲТАРИН МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

  Дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ  даври аввали озмуни  «Илм-фурӯғи маърифат»  аз рӯи наминатсияи “ХИМИЯ” гузаронида шуд. Маълум аст, ки  ин  Озмун  таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад. Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ гардидааст. Дар як вақт, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҳамин тавр, соли 2025 барои ҳар як ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон бо ин, мукофотпулӣ барои ҳар як омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Илова бар ин, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардиданд дар даври ҷумҳуриявии озмун ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд. Ҳамин буд, ки дар озмун донишҷуёни курси 1 то курси 6 фаъолона иштирок намуданд. Дар охир шаш нафар донишҷуёни зерин ғолибони озмун муайян гардида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.  

№р/т

Ному насаб

Курс

Факултет

Гурӯҳ

Хол

Ҷой

1

Ғаниев Ғолибҷон

6

тиббӣ

32

59

I

2

Бухориев Муродали

2

тиббӣ

45

56

II

3

Муҳаммадиев Муҳсин

1

стоматология

13

53

II

4

Миҳтоҷзода Шарқон

5

иббӣ

35

42

III

5

Раҳимова Омина

1

тиббӣ

56

32

III

6

Ҷуразода Хуснулло

1

тиббӣ

2

29

III

Супоришҳои наминатсияи химия аз дигар наминатсияҳо бо он фарқ мекунанд, ки 40%-и саволҳо назариявӣ, 40% - хаттӣ - амалӣ ва 20% -и дигар  саволҳои озмоишӣ мебошанд, ки хушбахтона аз тарафи раиси комиссия, доктори илмҳои химия, профессор Файзилов И.У. ба пуррагӣ назорат карда шуданд. Донишҷӯёни хориҷӣ низ дар озмун иштирок намуданд. Даври дуюми озмун бошад нимаи дуюми моҳи май дар ноҳияҳо гузаронида мешаванд.

Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ


11.04.2025 129

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php