ТАҲҚИҚИ ХОСИЯТИ ГЕПАТОПРОТЕКТОРИИ ДАМОБАИ БАРГИ АНҶИР (1:10) ДАР МОДЕЛИ ГЕПАТИТИ ЗАҲРОЛУДШУДА БО CCL₄ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ
Дар ҳафтаи сипаригардида, дар Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ» бо иштироки кафедраи фармакология дар ҳамкорӣ бо Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ таҳқиқот оид ба омӯзиши хосияти гепатопротектории дамобаи барги анҷир (1:10) дар модели гепатити заҳролудшуда бо истифодаи чаҳорхлори карбон (CCl₄) гузаронида шуд. Таҳқиқот дар доираи Лоиҳаи илмии “Омӯзиши растаниҳои шифобахши Тоҷикистон, ки хосияти гиполипидемӣ, антиоксидантӣ ва гипогликемӣ доранд ва таҳияи фитодаруҳои таъсирбахш дар асоси онҳо” амалӣ мегардад.
Барои таҷриба калламушҳо ба 4 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба ҳайвоноти гурӯҳҳои 2, 3 ва 4 чаҳорхлори карбон (CCl₄) дар вояи 2,0 мл/кг вазни бадан тавассути зери пӯст бо фосилаи як рӯз пас ворид карда шуда, гепатити шадиди заҳролуд ба вуҷуд оварда шуд.
Муолиҷа бо дамобаи барги анҷир дар гурӯҳҳои таҷрибавӣ дар вояи 5 мл/кг вазни бадан ба муддати як моҳ анҷом дода мешавад. Барои баҳогузории таъсири гепатопротекторӣ, пас аз анҷоми муолиҷа аз калламушҳо намунаи хун гирифта шуда, нишондиҳандаҳои биохимиявӣ, тағйироти вазн ва сатҳи зиндамонии онҳо таҳлил мегарданд.
Ҳоло таҳқиқоти номбурда дар марҳилаи фаъол қарор дорад ва идома дорад.
ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ