ОМӮЗИШИ ХУСУСИЯТИ ЗИДДИ-ИХТИЛОҶИИ МАВОДИ ГПЛИВ-8 ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО BACL₂ ДАР МОДЕЛИ ИНТРАДУКТАЛИИ ҲАЙВОНОТИ ОЗМОИШИИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


ОМӮЗИШИ ХУСУСИЯТИ ЗИДДИ-ИХТИЛОҶИИ МАВОДИ ГПЛИВ-8 ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО BACL₂ ДАР МОДЕЛИ ИНТРАДУКТАЛИИ ҲАЙВОНОТИ ОЗМОИШИИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ

Дар Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ” - и Донишгоҳ таҳти роҳбарии номзади илмҳои биология Ғанизода Х.А. ва унвонҷӯ Ҷалилов Ғ.Қ. кори илмӣ-эксперименталӣ таҳти унвони “Омӯзиши хусусияти зидди-ихтилоҷии маводи ГПЛив-8 дар ҳамбастагӣ бо BaCl₂ дар модели интрадукталӣ” оғоз гардид.

Тадқиқот дар 12 калламӯши намуди Вистар бо истифода аз модели интрадукталӣ амалӣ карда шуд. Барои гузаронидани озмоиш, калламӯшҳоро бо истифода аз маводи беҳушкунандаи кетамин дар меъёри 50 мг/кг вазн беҳуш намуда, бо ёрии скальпели ҷарроҳӣ ковокии сифоқпардаро кушода, маҷрои умумии талхагузарро ошкор намуданд. Сипас, бо истифода аз қайчии борикнӯг (истифодашаванда дар ҷарроҳии чашм) маҷрои талхагузар сурох гардида, ба дохили он қастараи полиэтиленӣ ворид карда шуд.

Дар ҳар гурӯҳ маводи ГПЛив-8 ва BaCl₂ дар вояҳои гуногун, алоҳида ва якҷоя, тавассути қастараи полиэтиленӣ ба ҳайвонот ворид карда шуданд. Вақти пайдошавии қатраи аввали талха аз қастара муайян карда шуд. Мувофиқи натиҷаҳои бадастомада, вақти пайдошавии қатраи аввал дар гурӯҳи ҳайвоноти танҳо бо BaCl₂ коркардшуда, 20 дақиқаро ташкил дод. Дар гурӯҳи ҳайвоноте, ки ҳамзамон бо ГПЛив-8 ва BaCl₂ коркард шуданд, ин вақт ба ҳисоби миёна 6 дақиқаро ташкил дод.

Натиҷаҳо далолат медиҳанд, ки маводи ГПЛив-8 дорои таъсири назарраси зидди-ихтилоҷӣ мебошад.


ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


11.04.2025 114

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php