СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТӢ ТАРИҚИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА ВА ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ
Бо ибтикори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа дар ҳамкорӣ бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ имрӯз (10.04.2024) бо иштироки доираи васеи донишҷӯён семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Ҳифзи арзиҳои миллию давлатӣ тариқи Васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ” бо ҷалби мутахассисону коршиносон баргузор карда шуд.
Раҷабзода Эраҷ Раҷабалӣ-сардори Раёсати бозрасии давлатии ҳифзи техникии иттилоотии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш атрофи рушди бемайлони технологияи муосир ва паҳлӯҳои мусбату манфии он изҳори ақида намуда, афзуданд, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ва муборизаҳои геопалитикӣ истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ аз сокинони кишвар маърифтаи баланди ҳуқуқию сиёсӣ талаб менамояд. Таъкид гардид, ки бе истифодаи компютер раванди фаъолияти кориро тасаввур кардан ғайриимкон аст, вале он ҳамчун ҳифзкунандаи иттилоот буда, интиқолдиҳандаи он бошад интернет ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, дар идомаи кори семинар номбурда барои истифодаи мақсадноки шабакаҳои иттилоотию иҷтимоӣ ба иштиркдорон тавсияҳои муфид доданд.
Қурбонзода Паймона Сабзалӣ-мудири бахши бозрасии давлатии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар Васоити ахбори омма аз пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир ва нақши ҷавонон дар пешгирии он ёдоварӣ намуда, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сирри давлатӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои иштиркдорон ҳидоятҳои судманд доданд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби коршиносон барои донишҷӯён асбоби электронии сабти овоз ва тарзи кор бо он нишон дода шуд, ки хеле ҷолиб ба назар мерасид.
Абдураҳмонов З.В.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа кори семинарро ҷамъбаст намуда, аз номи раёсати Донишгоҳ ба роҳбарияти Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкилу баргузории семинари судманд изҳори сипос баён карданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА