Омӯзиши растаниҳои шифобахши Тоҷикистон
Дар кафедраи фармакология аз рӯи Лоиҳаи илмии “Омӯзиши растаниҳои шифобахши Тоҷикистон, ки хосияти гиполипидемӣ, антиоксидантӣ, гипогликемӣ доранд ва дар асоси онҳо кор карда баровардани фитодоруҳои таъсирбахш” тадқиқотҳои илмӣ идома ёфта истодааст. Дар лабораторияи илмӣ-тадқиқотии Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ дар калламушони сафед таҷрибаҳо оид ба омӯзиши хосияти гепатопротектории дамобаи барги анҷир (1:10) дар модели гепатит - заҳролудшавӣ бо чорхлори крабон (ССL4) идома дорад. Калламушонро ба 4 гуруҳ тақсим намуда ба ҳайвонҳои гурӯҳҳои 2, 3 ва 4 чорхлори карбонро (ССL4) ба зери пуст бо меъёри 2,0 мл/кг массаи вазн як руз пас ворид намуда, гепатити шадид ба вуҷуд оварда шуд. Дар давоми як моҳ калламушони таҷрибашавандаи гепатити шадид дошта бо дамобаи барги анҷир дар меъёри 5 мл/кг вазн муолиҷа карда шуданд.
Барои баҳо додани таъсири гепатопротектории дамобаи барги анҷир пас аз як моҳи муолиҷа аз калламушон хун гирифта шуда, нишондиҳандаҳои биохимиявӣ, вазни калламушон, зиндамонии онҳо ба назар гирифта мешаванд.