ОЛИМПИАДА ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ЛОТИНӢ
10 апрели соли 2025 дар кафедраи забони лотинӣ Олимпиадаи дохиликафедравӣ аз фанни забони лотинӣ баргузор гардид, ки дар он 38 нафар донишҷӯёни курси якуми факултети тиббї иштирок намуданд. Олимпиада тариқи тест бо забонҳои русӣ ва англисӣ суръат гирифт.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар ташаккули табибони оянда нақши бузург дорад. Чунин олимпиадаҳо шавқу рағбатро ба фанҳои омӯхташаванда зиёд намуда, заковати эҷодии хонандагонро инкишоф медиҳанд.
Аз ин лиҳоз кафедра тасмим гирифтааст, ки ғолибони олимпиадаи мазкурро барои ширкат дар Олимпиадаи байналмилалии онлайн аз фанни забони лотинӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Астрахани Федератсияи Русия ташкил карда мешавад, пешниҳод намояд.
Кафедраи забони лотинӣ