ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ


ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Барномаҳои муосири таълимӣ дар такмили салоҳияти омӯзгорон нақши муҳим мебозанд ва барои ташаккули маҳорати касбии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар омодасозии мутахассисони ояндаи тиб на танҳо такмили усулҳои таълими анъанавӣ, балки аз худ намудани усулҳои муосири мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, дар кафедраи физиологияи патологӣ омӯзгорон дар дарсҳои амалӣ аз усулҳои фаъоли таълим, аз қабили TBL, PBL, "ҳамлаи мағзӣ" ва ғайра истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар давоми ҳафта бо донишҷӯёни курси сеюми факултаҳои тиббӣ, стоматологӣ, педиатрӣ ва тиббӣ-профилактикӣ дарсҳои амалӣ дар мавзӯи “Зардпарвинҳо” бо усули TBL (омӯзиши даставӣ) гузаронида шуд. Истифодаи усулҳои нав дар таълим имкон медиҳад, ки нерўи эҷодии донишҷӯён бештар ошкор шуда, ҳавасмандии донишомӯзӣ афзоиш ёбад ва таваҷҷӯҳи худи донишҷӯёнро бедор намояд. Усули омӯзиши даставӣ (TBL) - як усули фаъоли таълим буда, ба истифодаи гурӯҳҳои хурд асос ёфтааст ва ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки аввал маводи дарсро омӯзанд ва сипас дониш ва малакаҳои бадастомадаро дар раванди таълим тавассути иҷрои пайдарпайи амалҳо - кори инфиродӣ, кори дастаҷамъӣ ва фикру мулоҳизаҳои фаврӣ татбиқ кунанд.


Кафедраи физиологияи патологӣ

 


09.04.2025 159

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php