МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: БА СӮЙИ ҲАМСОЯГИИ СОЛИМ ВА ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тарҳандозӣ кардани сиёсати хориҷии худ рушду тавсеа бахшидани ҳамкориҳоро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун меросбари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси яке аз самтҳои муҳимтарин ва авлавиятнок муайян карда буд. Ба ин хотир, аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бо ин кишварҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба роҳандозӣ шуда, дар соҳаҳои гуногун ривоҷ дода мешаванд. Дар қисми зиёди ин кишварҳо Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии худро боз намудааст ва дар навбати худ сафоратҳои аксари ин давлатҳо дар Душанбе фаъолият доранд.
Муносибатҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қиғизистон ҳамчун ду кишвари ҳамсоя ва дорои муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи афкори ҷамъиятӣ ва таҳлилгарони сиёсӣ қарор дорад. Ин ду кишвари Осиёи Марказӣ на танҳо бо хатти марз, балки бо гузашта ва сарнавишти муштарак бо ҳам пайванданд.
Таърихан, мардуми тоҷику қирғиз дар фазои ягонаи фарҳангии Осиёи Марказӣ арзи ҳастӣ дошта, миёни онҳо ҳамкориҳо дар заминаҳои савдо, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва иҷтимоӣ арзи вуҷуд доранд.
Бо сиёсати оқилонаи Сарварони ду давлати ҳамсоя-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мардуми ду кишвар, ки дар тӯли асрҳо бо ҳам зисту зиндагонӣ мекарданд, имрӯз боз ҳам бештар бо иродаи сиёсӣ ва хирадгароӣ ба ояндаи ором ва амн қадами ҷиддӣ гузоштанд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун ду давлати соҳибистиқлол узви созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳастанд, ки имкониятҳои бештарро барои ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир фароҳам меорад. Аҳли зиёи ҳар ду кишвар бо сухан ва қалам, бо амал ва ташаббусҳои муштарак дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ қадамҳои устувор доранд, ки барои таъмини зиндагии шоистаи наслиҳои имрӯзу фардо хизмат менамояд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА