КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН МОНЕАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ


КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН МОНЕАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Коррупсия натанҳо як мушкилии ҳуқуқӣ, балки он як падидаи решаёфтаи иҷтимоист, ки ба тамоми равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар ҷаҳони муосир кишварҳое, ки бо ин падидаи номатлуб ба таври ҷиддӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, натанҳо суръати рушди иқтисодии худро суст мекунанд, балки эҳсоси адолатро дар байни шаҳрвандон аз даст медиҳанд.

Агар ҷомеа мушоҳида намояд, ки на меҳнату дониш, вале робита ва мабағи ғайриқонунӣ сарнавишти инсониятро муайян мекунад, боиси коста гардидани эътимод ва аз байн рафтани рӯҳияи созандагӣ мегардад. Маҳз дар ҳамин гуна вазъи мураккаб бидуни муболиға як “вируси иҷтимоӣ”-ро ба вуҷуд меорад, ки тамоми бофтаҳои иҷтимоиро хароб месозад ва пойдевори истиқлоли давлатҳоро заиф менамояд.

Аз ҷиҳати иқтисодӣ, коррупсия ба сармоягузорон паёми боварноофарӣ мерасонад, яъне як муҳити нобоварӣ ба вуҷуд меояд, ки дар он на сармоягузори хориҷӣ ва на ватанӣ наметавонанд фаъолияти босамар пеш баранд. Пардохти пора барои гирифтани иҷозат, пешбурди парванда ё ҳаллу фасли як масъала, муҳити рақобати солимро аз байн мебарад ва монополияро тақвият мебахшад.

Коррупсия на танҳо дар сохторҳои давлатӣ, ҳатто дар сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ низ эҳсос мешавад. Масалан, шаҳрванд барои гирифтани як ҳуҷҷати оддӣ бояд чанд маротиба ба идора равад ва баъдан ноилоҷона ба “ишораи махсус” итоат мекунад. Ин падида барои табақаҳои осебпазир-аз ҷумла ҷавонон ва оилаҳои камбизоат бештар фишоровар мебошад.

Мутаасифона, коррупсия натанҳо як кирдори фардист, балки дар баъзе ҳолатҳо ба системаи маъмурӣ ворид гаштааст. Вақе ки масъул худ манфиатдор аст, мубориза ба як шиори холӣ табдил меёбаду халос. Аммо фурӯ нишониданиин амали номатлуб ҳам номумкин нест. Кишварҳое мисли Гурҷистон ва Руминия намунаи хуби ислоҳоти ҷиддӣ ва самараноки зиддикоррупсионӣ мебошанд.

Дар ниҳоят бояд ҳар як шаҳрванди соҳибхирад дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи давлат нест-ин масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Агар мо хостори як ҷомеаи адолатпарвар ва тараққикарда бошем, бояд зидди ин вабои замон садо баланд кунем- ҳар рӯз, ҳар ҷо ва дар ҳар шакл.


Мамадносирова Ш. Қ.-номзади илмҳои таърих, муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


08.04.2025 165

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php