ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР КАФЕДРАИ БЕҲДОШТИ МУҲИТИ ЗИСТ
Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ ҳар сол 7-уми апрел таҷлил мегардад. Ин сана ба рӯзи таъсисёбии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар соли 1948 рост омада, ҳамчун платформаи ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаҳои муҳим дар соҳаи тандурустӣ хизмат мекунад.
Санаи 7-уми апрели соли ҷорӣ кафедраи беҳдошти муҳити зист чорабинии “Рӯзи умумиҷаҳонии саломати”- ро барои донишҷӯёни факултетҳои стоматологӣ, фармасевтӣ ва тибби профилактикӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи беҳдошти муҳити зист, н.и.т., Шарифзода С.Ф. оғоз ёфт. Дар суханронии худ номбурда таъкид намуд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ як иди муҳими ҷаҳонист, ки барои ҳар шахс, ки ғамхорӣ дар бораи беҳбудии шахсӣ, организми солим ва рӯҳи мустаҳкам равона кардааст, аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон, ин рӯз бо ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологӣ робитаи зич дорад, ки ба рушди як миллат бо саломатии комил таъсири мустақим мегузорад. Ҳадафи асосии Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ ин ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ғамхорӣ дар бораи саломатӣ ва зарурати пешгирии бемориҳо мебошад.
Дар идома мудири кафедраи беҳдошт ва экология, н.и.т., дотсент Ҳасанов Ф.Ҷ. ва дотсенти кафедраи беҳдошти муҳити зист, н.и.т., Пиров Д.Д. дар бораи чораҳои солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ баромад намуданд. Суханрониҳои онҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиён оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатӣ равона шуда буд.
Дар охири чорабинӣ ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист Солеҳзода Ш.З. бо маърузаи “Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ” суханронӣ намуда, оид ба чорабиниҳое, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он анҷом дода мешаванд, ба таври муфассал маълумот пешниҳод намуд.
Чорабинии мазкур на танҳо як ҷашн, балки як платформаи муфид барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба масоили тандурустӣ буд. Маърузаҳо ва суханрониҳо ба ҳимояи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо равона шуда, аҳамияти ҳамкорӣ ва масъулият дар ин масъалаҳоро нишон доданд.
Кафедраи беҳдошти муҳити зист