АРЗИШҲОИ АХЛОҚИИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Дар шароити рушди ҷаҳони глобалӣ, яке аз самтҳои нигаҳдошти арзишҳои миллӣ ва анъанавӣ, ин инкишофи ахлоқи шаҳрвандон мебошад, ки дар тарбияи чунин хислатҳо ба монанди таҳаммулпазирӣ, эҳтиром, ҷавонмардӣ, росткорӣ ва дигар хислатҳои инсонӣ зоҳир мегардад. Гузориши мазкур дар доираи тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи олимони ватанию хориҷӣ (Илолов М., Диноршоев Х, Идибеков Н., Самиев А., Лукшева Э. А., Мудрик А. В., Мухторов З., Ализода Б. ва Бобоев У.Х) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии дохилию байналмилалӣ таҳия гардидааст. Таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки тарбияи ахлоқӣ ва ҳувиятсозӣ, дар раванди ташаккули идеяи миллӣ дар мадди аввал қарор мегирад, зеро худшиносӣ, қабл аз ҳама ин хештаншиносӣ ва дарк намудани арзишҳои миллӣ, бунёди ҳувият ва озодӣ мебошад, ки аз ҳама шаҳрванди кишвар доштани ҳисси миллиро тақозо менамояд. Ба ин дастовардҳои ахлоқӣ такя намуда, ҷомеа дар пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии давлат неруи нави адолати ҷомеаро соҳиб мегардад, ки он маданияти миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Бояд тазаккур дод, ки пешрафти ҷомеа танҳо ба як иқтисодиёт ва иҷтимоиёт вобаста нест. Дар пешравии ҷомеа маънавиёт, аз ҷумла, арзишҳои ахлоқӣ нақши муассир доранд. Агар дар ҷомеа ахлоқ коста гардида бошад, бевиҷдонӣ, баднафсӣ, ришвахурӣ, чашмбандӣ, риёкорӣ ва дигар зуҳуротҳои номатлуб ҷой дошта бошанд, пас, чунин ҷомеа гарчанде дорои техникаю технологияи пешқадам ҳам бошад, аммо оянда надорад, дур намеравад ва ҳатман ба инқироз дучор мешавад. (Самиев А)
Омӯӯзиши ҳар чи бештари арзишҳои миллӣ дар самти ахлоқи ҷомеа барои рушд ва инкишофи минбаъдаи фарҳанги миллӣ мусоидат карда, суботи давлатдориро таъмин месозад.
Тарбияи ахлоқӣ қисми асосии системаи тарбияи ҷавононро ташкил медиҳад. Классикони адабиёти форсу тоҷик ин мавзуро хеле васеъ дар асарҳои худ инъикос намудаанд. Абубакр ар-Розӣ дар ин бора дар асари худ «Тадбири манозил» менависад, ки тарбияи фарзанд дар оила ва бахусус тарбияи модар дар ташаккули инсони комил ҷои муҳимро ишғол мекунад. Олим ва файласуф Насируддини Тусӣ дар ташаккули ахлоқи инсон дар ҷомеа се омили асосиро ҷудо мекунад:
- дар мадди аввал қувваи ақлонии инсон меистад, ки рафтори дурустро муайян мекунад;
- дар навбати дуввум, қувваи нафсонӣ, ки дар инсон далерӣ, ҷасорат ва ҳокимиятрониро пайдо мекунад;
- ва дар марҳилаи саввум, қувваи майлу кӯшиш, ки шахсро ба маишату боигарӣ мекашад, ҷойгир мешавад.
Насируддини Тусӣ менависад, ки бо афзоиши ҳар яке аз марҳилаҳо чунин сифатҳо ба монанди хирадмандӣ, ҷасорат, хоксорӣ ва адолат дар инсон зина ба зина ташаккул меёбад. (Идибеков Н. Этика Насириддина Туси в свете его теории свободы воли,- Душанбе 1987.- С. 55)
Меъёрҳои ахлоқӣ яке аз омилҳои асосии муътадилияти ҷомеа маҳсуб мешаванд. Онҳо аз насл ба насл гузашта, барои аъзоёни ҷомеа ҳамчун беҳтарин намунаи рафтор хизмаит мекунанд. Маҳз тавассути онҳо шахс метавонад рафтори хуб ва бадро аз ҳамдигар ҷудо созад. Дар маркази ташаккули онҳо оила меистад ва маҳз дар оила аввалин нишонаҳои ахлоқро одамон дарк мекунанд. Аз шароити оила вобастагӣ дорад, ки аввалин қадамҳои иҷтимоишавӣ барои ҷавонон чи тавр сурат мегиранд. Меъёрҳои ахлоқӣ инчунин барои ташаккулёбии шахсият мусоидат мекунанд ва аз ин лиҳоз тарбияи ахлоқии ҷавонон барои таъмини фазои хуби ҷомеаи оянда асос мегузорад.
Ахлоқ қабл аз ҳама дар оила, мактаб ҷомеа ва дар фазои иттилооти, тарғиботию ташвиқотӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ ҷамъиятию давлатӣ ташаккул дода мешавад. Тибқи моддаи 32 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд. Мо бояд дар бедор намудани намудани ҳиссӣ миллӣ, таҳияву татбиқи идеалогияи давлатдорӣ ва идеяи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда тавонем. Раймонд Арон вазифаи сиёсатро шарҳ дода мегӯяд, ки «вазифаи асосии сиёсат – ин маслиҳат набуда, балки пешниҳоди назариявӣ мебошад ва ин пешниҳод бояд бештар некиро пеша намояд на бадӣ. Сиёсат бояд пеши роҳи ҳаракати зӯроварӣ, азоб ва дигар намуди таъқиботҳоро гирад».
Ба андешаи олими ҷомеашиноси Ғарбӣ Эмилҷ Дюркгйем сабаби рафтори бад ин мувофиқат накардани он бо арзишу меъёрҳои ҷомеа мебошад, зеро рафтор бо қонунҳо ва арзишҳои ҷомеа муқобил мебарояд. Сабаби дигар дар он аст, ки ҷомеа ба одамон таъсири зарурӣ расонида наметавонад ва нерӯҳои иҷтимоӣ замоне мувозинати худро гум мекунанд. Ин воқияти иҷтимоиро Эмилҷ Дюркгейм «аномия» - яъне ҳолати фалаҷ шудани меъёрҳоро меномад. Дар ҷомеаи муосир низ имконияти аз байн рафтани арзишҳои ахлоқӣ вуҷуд дорад, ки метавонад ба зери таъсири ахлоқи бегона гирифтор шуда, ҳамин тавр дар ҷомеаи устувор рафтори ғайриқонунӣ ба амал меояд.
Дар таърихи ташаккули ҳастии иҷтимоӣ он меъеру арзишҳое ба миён омадаанд, ки рафтору амали одамон мувофиқ ба он сурат мегирад. Аммо ҷомеа пайваста дар тағйироту инкишоф буда вобаста ба ин меъёру арзишҳои иҷтимоӣ иваз мешаванд. Дар рафти ин тағйиротҳо меъёрҳои нав ташаккул меёбанд, ки бояд аз тарафи ҷомеа танзим карда шаванд, то ки онҳо боиси зиёдаравӣ набошанд.
Бо дарназардошти муҳимияти ин самт, ҳаминро бояд зикр намуд, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои миллӣ бояд тамоми соҳаҳои илм ва маорифро фаро гирад. Зеро тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои волои ахлоқиву инсонӣ, риояти қонуният ва меъёрҳои иҷтимоӣ вазифаи муҳими аҳли ҷомеаи соҳибмаърифат ба шумор меравад. (Мубориза бо идеологияи терроризм ва экстремизм дар љањони муосир)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ таълими ахлоқ бояд шакли таҷрибавиро гирад ва ба ҳақиқати зиндагӣ наздик бошад. Дар баробари системаи таълим ва тарбияи ҷавонон мо бояд нақши интернетро низ дар тарбияи ахлоқии ҷавонон сарфи назар накунем. Зеро чуноне, ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ҷавонон бештари вақти худро дар тамошои захираҳои интернетӣ сарф мекунанд. Имрӯз ҷаҳон дар назди интихоби арзишҳои глобалӣ қарор дорад ва ин арзишҳои глобалӣ боиси косташавии идеяи миллӣ мегарданд. Бинобар ин тағриби идеяи ахлоқи миллӣ бояд дар баробари манфиатҳои ҳокимияти сиёсӣ дар ҷои аввал қарор гирад. Аз ин ру падару модарро зарур аст, ки тарзи вақтгузаронии фарзандонро назорат намоянд.
Бинобар ҳамин, бо дарназардошти шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодиҳои сиёсӣ, ки онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад, таъмини ҳифзи арзишҳои миллӣ дар фазои иттилоотӣ мураккаб мегардад. Паҳлӯҳои мусбии раванди ҷаҳонишавӣ кам нестанд, аммо таҳлил ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони ҷаҳонишавӣ аз нигоҳи ҷавонон моро водор месозад ки таҳдидҳо аз раванди ҷаҳонишавӣ хатарҳо муаян намуд роҳҳои ҳалли онро дар мсъалаи мубрами рӯз аз ҷумла дар таъмини чораҳои амнияти фазои иттилооти дар ҷомеа пешниҳод созем. Бо мақсади ҳар чи бештар фаро гирифтани ҷавонон дар раванди тарбияи ахлоқӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институтҳои анъанавӣ, аз он ҷумла, Шӯроҳои калонсолон, шахсони обрӯманди маҳалла ва кӯчаҳо, занону ҷавонони фаъол, ходимони дин, олимон, аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва васоити ахбори оммаи давлатӣ, ки табақаи таъсиррасону бонуфуз ва обрӯмандро ташкил медиҳанд, метавонанд тавассути ташкили фаъолияти тарғиботию маърифатӣ баҳри пешгирии ин равияҳои ба ҷамъият хатарзо саҳми босазо дошта бошанд. Зеро ин гурӯҳи шахсиятҳо дар ҷомеа тавасссути дарки баланди воқеият, илм, ғояҳо, фикру ақида ва донишҳои илмию динии худ метавонанд баҳри дарки воқеии моҳият ва мазмуни равияҳои ифротӣ мусоидат намоянд. (Мухторов З., Ализода Б.-Наќши худогоњии миллї ар пешгирии ифротгарої ва терроризм.- С.60-65)
Инчунин давлат бо институти оила корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад ва мувофиқи меъёрҳои он модару кӯдак, ки бештар аз ҳама объекти ҷинояти зуроварӣ дониста мешаванд, таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Дар баробари ин имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон конунҳои байналмилалиро низ доир ба ҳуқуқи инсон эътироф мекунад ва меъёрхои ин қонунҳоро дар дохили кишвар истифода мебарад. Аз он ҷумла моддаи 8 «Эъломияи ҳуқуқи башар», ки ҳукуки инсонро ба муҳофизати судӣ таъмин мекунад, дар конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Санадҳои байналмилалӣ инчунин дар танзими низоми ва танзими муносибатҳои ҷомеаи муосир ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Масалан чунин ҳуҷҷатҳо ба монанди Оинномаи СММ, эъломияи ҳуқуқи башар соли 1948, эъломияи ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1959, Конвенсияи СММ «Оид ба ҳуқуқи қӯдак» (аз 20 ноябри 1989), Конвенсияи давлатҳо-аъзоёни ИДМ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқукӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 22 январи 1993 сол ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
Дар масири ҳифзи арзишҳои ахлоқии миллӣ дар ҷомеаи муосир, ҳаминро бояд муҳим донист, ки яке аз самтҳои нигаҳдошти арзишҳои миллӣ ин кор дар равияи хештаншиносӣ ва дарк намудани арзишҳои миллӣ ҷои асосиро мегирад, зеро дастовардҳои ахлоқӣ дар пешравии ҷомеа нақши калидӣ доранд. Чуноне, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ки «пеш аз ҳама бояд гуфт, ки глобализатсияи мушкилот ва проблемаҳо имрӯз ба ҳамаи кишварҳои олам, чи хурду чи бузург, баробар таъсир мекунад. Яъне ҳоло давлатҳои олам дар фазои тамоман нави геополитикӣ ва тавозуни тағйирёфтаи геостратегӣ қарор дорад. Минбаъд ягон кишвар ба танҳоӣ худро аз хатарҳои нави глобалӣ, аз ғумла зуҳуроти терроризм, экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, фалокатҳои экологӣ ҳифз карда наметавонад».
Бинобар шароити кунунӣ, давлатро зарур аст, ки дар сатҳи қонун, дастгоҳи ахлоқии ҷомеа ва дигар роҳҳо барои рушди хуби ҷавонон шароити мусоидро муҳаё намояд.
Абдураҳмонов З.В.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа