МАНФИАТҲОИ ГЕОПАЛИТИКӢ ВА ГУСТАРИШИ ТЕРРОРИЗМ
Дар баъзе кишварҳо зери пардаи мактаби динӣ, пойгоҳҳои низомӣ амал мекунанд, ки дар онҳо барои ташкилотҳои террористии “Толибон„ , “ДОИШ„ “Ал-Қоида„, “Лашкари таййиба„ , “Ихвон-ул-муслимин„, “Сипоҳи саҳҳоба„, “Ҷайш-ул-Ислом„ ва дигар гурӯҳҳо сарбозон омода месозанд. Танҳо дар натиҷаи таъсиси мадрасаҳо дар шимоли Покистон, беш аз 500 ҳазор нафар толибон барои иштирок дар ҷанги Афғонистон омода гардиданд. Дар чунин мадрасаҳо ба монанди «Дар ул-улуме арабия», «Мадрасаи Абу-Ҳанифа», мадарасаи масҷиди «Пули Хиштӣ», «Шоҳи ду шамшир», «Дар ул-мадарес», «Мадрасаи ҷомеъ и-Шариф» дар Ҳирот, «Мадрасаи Асадия» дар Мазори-Шариф, «Мадрасаи Мухаммадия» дар Қандаҳор, «Наҷм ул-мадарис» дар Ҷалолобод, «Мадрасаи Зохиршоҳӣ» дар Майман, «Дар ул-улуми руҳонӣ» дар Пактиё ва дигар мадориси Афғонистон ҷанговарони толибро омода месозанд ва ин барои боз ҳам бештар авҷ гирифтани ҳаракатҳои террористӣ дар минтақа таҳдид эҷод мекунад. Танҳо дар давоми чанд соли охир дар вилояти Панҷоби Покистон 2419 мактаби динӣ бо теъдоди 250 000 толиб амал мекард. Аз ин шумора 928 мадраса (38 фоиз) ба мазҳаби девбандия, 1216 (50 фоиз) ба мактади барелвӣ (суннӣ), 175 мадорис (7 фоиз) ва 100 мадорис ба мазҳаби шиа (7 фоиз) таалук доштанд. Бояд гуфт, ки тамоми ин мадрасаҳо бо ҳаракатҳои террористӣ аз қабили толибон, “Ал-Қоида„, “Ҷайш-ул-ислом„, “Ҳизб-ут-Таҳрир„, “Таблиғ-ал ҷамаат„ ва дигар ҳаракатҳо алоқаи зич доштанд ва аз тарафи ин равияҳо маблағгузорӣ мешуданд. Бинобар ҳамин маълум аст, ки хатмкунандагони ин макотиб сафи нави террористонро пур мекунад. Чунин хатари ноайёнро, ки аз мадрасаҳо бармеояд, худи ин ҳаракатҳо таҳдид барои минтақа намешуморанд, аммо комилан муайян аст, ки чунин шумораи хатмкунандагонро бояд бо «ҷойи кор„ таъмин намуд ва ин гуна «ҷойҳои корӣ„ дар давлатҳои ҳамсоя пайдо мешаванд.
Чунин диққати давлат ба фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ ва манбаи молиявии террористон, сабаб дорад, зеро сол аз сол сафи террористони ҷаҳонӣ зиёд гардида, хисороти ҳамаҷонибаи онҳо низ афзуда истодааст. Онҳо барои ба роҳ мондани амалиёти нави ҷиноятӣ роҳҳои гуногуни маблағгузориро ба роҳ мемонанд. Омили дигари афзоиши хатари терроризмро идомаи ҷанги шаҳрвандии давлати Афғонистон ташкил медиҳад, ки яке аз марказҳои бузурги террористӣ маҳсуб мешавад. Сарҳади давлати мо бо Афғонистон наздик ба якуним ҳазор километр буда, бо дарназардошти ҳамин омил Тоҷикистон барои ҳимояи хеш, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо зарфиятҳои назарраси моддӣ, молӣ ва маънавии худро сафарбар мекунад.
Созмону ҳаракат ва гурӯҳҳо аз қабили «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҷиҳоди ислом», «ДОИШ» ва ғайра, ки аз тарафи як қатор давлатҳои ҷаҳон ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ шинохта шуданд, аммо қисмати дигари давлатҳо онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунанд. Мақсади ниҳоии террористон ҳарчи бештар дар байни мардум паҳн намудани тарсу ҳарос ва бо ҳамин васила ҷалб намудани онҳо ба гуруҳҳои террористӣ ва ивази сохти давлатӣ мебошад. Тоҷикистон низ дар катори дигар давдатҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда истодааст. Бо мақсади пешгирии ин падидаи номатлуб аз тарафи ҳукумати мамлакат як қатор санадҳо ва қонунҳо қабул гардиданд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (С 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, (с 2006), Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ягонаи ҶТ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» (с 2006) қабул гардиданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА