РАВАНДИ КОРҲОИ ТАЪЛИМИЮ ТАРБИЯВӢ НАЗОРАТ КАРДА МЕШАВАД


РАВАНДИ КОРҲОИ ТАЪЛИМИЮ ТАРБИЯВӢ НАЗОРАТ КАРДА МЕШАВАД

Бо мақсади назорати сифати таълим, пешбурди корҳои тарбиявӣ ва шинос гардидан бо шароити таҳсил ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ давоми ҳафтаҳои корӣ аз кафедраҳои клиникӣ боздид ба амал меоранд.

Имрӯз, (07.04.2025) роҳбарияти Донишгоҳ ба кафедраҳои бемориҳои дарунии № 2, эндокринология ва бемориҳои сироятӣ ташриф оварда бо ҳайати кафедраҳои номбурда ва донишҷӯён сӯҳбати самимию ошкоро доир намуданд. Зимни сӯҳбат-вохӯрӣ ректори Донишгоҳ аз шароити моддию техникии кафедраҳо пурсон гардида, барои сари вақт фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ масъулинро муваззаф намуданд. Ҳамзамон, арзу шикоятҳои донишҷӯён низ ба инобат гирифта шуда, сарвари муассиса изҳор доштанд, ки раёсати Донишгоҳ пурра омода аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму таҳсилот шароитҳои мусоидро фароҳам орад. Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маорифу тандурустӣ ҳамаи мо вазифадорем, ки барои рушди ин соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ хизмати содиқона намоем.

Ректори Донишгоҳ изҳор доштанд, ки барои пешбурди таҳсили босифат, донишандӯзӣ ва рушди маҳорати касбӣ пайваста таваҷҷуҳ доранд ва масъалаи мазкурро зери назорати ҷиддӣ минбаъд низ қарор хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона дар ҷаласаҳои назди ректор, ҷаласаи раёсат ва Шурои олимон яке аз масъалаҳои мубрами раванди корӣ дониста шуда, барои амалӣ гардидани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


7
6
5
4
2
1
07.04.2025 234

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php