ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ АЗ АТТЕСТАТСИЯИ ФОСИЛАВӢ ГУЗАШТАНД


 ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ АЗ АТТЕСТАТСИЯИ ФОСИЛАВӢ ГУЗАШТАНД

Ординатураи клиникӣ яке аз зинаҳои асосии таҳсилоти олии баъдидипломии тиббӣ ба ҳисоб рафта, баъди хатми он бо гирифтани ихтисоси муайян хатмкунандагон ҳуқуқи фаъолияти мустақилонаи тиббиро соҳиб мешаванд. Тибқи низомномаи ординатураи клиникӣ барои муҳассилини ин зинаи таҳсилот дар як сол ду маротиба аттестатсияи фосилавӣ муқаррар гардидааст. Аттестатсияи фосилавӣ аз ду давр – имтиҳон аз малакаҳои амалӣ ва имтиҳони шифоӣ иборат мебошад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аттестатсияи фосилавӣ аз санаи 27-уми март оғоз гардида, то санаи 4-уми апрел идома ёфт. Даври имтиҳон аз малакаҳои амалӣ дар Маркази омӯзиши симулятсионӣ баргузор гардид. Даври дуюм – имтиҳон шифоӣ аз ихтисос дар кафедраҳои марбутаи Донишгоҳ амалӣ гардид. Комиссияи аттестатсионӣ зери раисии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. ва бо аъзогии кормандони Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, мудирон, профессорон ва дотсентони кафедраҳои клиникӣ сатҳи дониши назариявӣ ва амалии ординаторони клиникии солҳои таҳсили 1-ум ва 2-юмро арзёбӣ намуд. Натиҷаи аттестатсияи фосилавии ординаторони клиникӣ баъди баррасии ҳаматарафа бо тавсия ва хулосаҳо ба раёсати Донишгоҳ пешниҳод карда мешавад ва дар ҷаласаи моҳи апрели Шурои клиникӣ мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода мешавад.

                         Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


05.04.2025 256

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php