ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД


ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД

Тибқи дастури муовинати тарбия ва бо мақсади дар руҳияи худшиносӣ тарбия намудан ва ҷиҳати боз ҳам хубтар шинос гардидани донишҷӯён аз таърихи таъсиси Донишгоҳ ва дастовардҳои он санаи 03.04.2025, таҳти роҳбарии  омӯзгорони  кафедраи анатомияи патологӣ донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ ва донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ бо роҳбарии омӯзгорони кафедраи анатомияи одам ба номи профессор Я. А. Раҳимов аз Осорхонаи Донишгоҳ дидан намуданд.

Мақсади асосии осорхона бозёфт, ҷамъоварӣ, бақайдгирии таҳқиқ, ҳуҷҷатнигорӣ, ҳифзу нигохдорӣ, истифодаи дуруст, ташкил, такмили фонди осорхонавии донишгоҳ, масъалагузории проблемахои осорхонавӣ, тахияи барномаҳои соҳавӣ, ба тамошо муҳайё сохтани дастовардҳои Донишгоҳ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Экспонатҳои асосии осорхона ба таърихи таъсиси Донишгоҳ, кафедраҳо, дастовардҳои илмию варзишии омӯзгорону донишҷӯён, робитаҳо бо донишгоҳҳои тиббии кишвар ва робитаҳои байналмилалӣ бахшида шудаанд.

Дар осорхона бештар корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ мушоҳида шуда, дар асоси Нақшаи кории шуъбаи тарбияи Донишгоҳ донишҷӯён барои ошно шудани ба таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба осорхона ҷалб карда мешаванд. Ин амр ҳисси ватандӯстию худшиносии донишҷӯёнро афзун намуда, инсонпарварӣ, шафқат, ватандӯстӣ ва ифтихор аз анъанаҳои моро тарбия мекунад.

Якчанд утоқҳо омода карда шуданд (утоқи президентӣ, ҳуҷраи дастовардҳои ректорон, ҳуҷраи ҳамкориҳои байналмилалӣ). Ҳама чиз аз рӯи минтақаҳо ба низом дароварда шудааст, долон бо намоиши мактабҳои илмии донишгоҳ тарҳрезӣ шудааст, равшаннамоии замонавӣ истифода шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки чунин иқдом ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ба таърих ва дастовардҳои Донишгоҳ аз наздик шинос шуда, дар ин самт маълумоти бештар дошта бошанд.

                                               Усмонӣ Г.М.-мутахассиси Осорхона


3
2
1
05.04.2025 261

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php