ИБРАТЕ АЗ ҲАЁТИ ОДАМОНИ НАҶИБ


ИБРАТЕ АЗ ҲАЁТИ ОДАМОНИ НАҶИБ

Дар таърихи ҳар як халқияту миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо меҳнати софдилона ва кору пайкори некашон дар рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Корнамоии эшон ҳазорсолаҳо дар саҳифаи таърих бо хатти тиллоӣ нақш баста ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад, балкӣ ҳамеша чун шаъми равшанест, ки ба роҳи маънавии ҳар як инсон нурпошӣ мекунад. Ин зумра абармардон чароғи маҳфилҳо, роҳнамои зиндагии шоистаи насли ояндасоз, пешвоҳои фидокори олами маънавӣ, нури таҷриба, сабақи зиндагӣ, ибратомӯз, соҳибэҳтиром, насли фидоӣ, нури некӣ ва мероси ҷовидонӣ мебошанд. Пас ҳар инсони соҳибхираду соҳимаърифатро зарур меояд, ки ин ганҷинаҳои пурбаҳои дунёи маърифтаро дар ҳаёт қадр намояд ва аз таҷрибаи пурғановат ва нури маърифтаи онҳо баҳра бардоранд. Ҳақ бар ҷониби шоири ширинкаломи тоҷик, шодравон Устод Лоиқ Шералӣ, ки барҳақ ҳушдорӣ дода, фармудаанд:

Ало, шодоб соҳилҳо,

Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз,

Ки рӯзе хушк хоҳанд шуд.

Ало, зебои маҳфилҳо,

Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,

Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳанд шуд......

Ало, эй соҳибони вақт,

Вақти хеш дарёбед....

Дар ин гузориш мақсад гузоштем, ки аз ҳаёти пурбаракати устоди устодон, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Бобоев Абдунаим қиссаи ибратомӯз намоем, ки саршори донишандӯзиву маърифтапарварӣ буда, роҳнамоиву роҳкушоии насли ҷавонро ба ояндаи дурахшон ҳидоят месозад.

Бобоеев Абдунаим соли 1936 дар деҳшурои Ёваи ноҳияи Хуҷанд (ҳоло шаҳри Хуҷанд) таваллуд шудааст. Ба хатми бомуваффақияти муассисаи таҳсилоти миёна соҳиби унвони пурифтихори донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло Донишгоҳ) гардиданд. Соли 1958 ин боргоҳи маърифатро низ бо сари баланд ба итмом расонида, фаъолияти меҳанатии хешро аз ходим хурди илмӣ ва мудири лабораторияи беҳдошти меҳанат шурӯъ намуданд. Дидану санҷидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар дили ин ҷавонмард муҳаббатро нисбати илми тиб боз ҳам афзун намуда, роҳи оддии фаъолиятӣ корӣ ӯро ба сӯи қуллаҳои илм роҳнамун сохт. Маҳз шавқу ҳавас ва дониши кофӣ олими ҷавон Абдунаим Бобоевичро аз корманди оддӣ то ба дараҷаи олими нотакрори соҳаи тиб бурда расонд.

Давоми солҳои 1979-1980 ба ҳайси мудири шуъбаи гигиенаи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошт кору фаъолият мебурданд. Сипас, Устод Абдунаим Бобоев аз нав ба хонаи умеди хеш ба Донишгоҳ баргашта ҳамчун профессори кафедраи беҳдошти муҳити зист ба таълиму тарбияи насли ҷавон пардохтанд. Ҳамзамон, дар баробари корҳои таълимию тарбиявӣ ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ низ машғул гардида, то кунун таҳти роҳбариашон 4 нафар рисолаҳои докторӣ ва 26 нафар рисолаҳои номзадиро ҳимоя карданд. Дастпарварони ин абармарди фидои илми тибби тоҷик имрӯзҳо дар соҳаҳои муҳимми соҳаи тандурустии мамлакат хизмат намуда истодаанд. Дар солҳои охири ҳукуматдории собиқ Шуравӣ ва аввали солҳои нооороми давраи соҳибистиқлолӣ Устод вазифаи пурмаҳсули мудири кафедраи беҳдошти умуӣ ва экологияи Донишгоҳро бар зимма дошта, қариб 30 сол содиқона иҷрои вазифа намуданд. Солҳои 1996-2001 декани факултети пешгирии бемориҳо шуда, кор мекарданд.

Рисолаи доктории устод Абдунаим Бобоевич “Гигиенаи меҳнат дар сохтмони ГЭС-ҳои (НБО) пуриқтидор дар шароити иқлими субтропикӣ” имрӯз раҳнамоест барои иҷрои ҳадафи стратегии мамлакат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ сохтмони неругоҳҳои хурду бузург, аз ҷумла иншооти аср НБО “Роғун” дар кишвар бо маром идома доранд, ки тавсияҳои муфиди ин олими нуқтасанҷи тоҷик дар ҳифзи саломатии кормандони он нақши аразанда дорад. Ҳанӯз чанд сол пеш профессор Бобоев А. ва бори аввал қонуниятҳои асосии назариявии беҳдошт ва физиологияи меҳнати коргарони сохтмонро ҳангоми кор дар шароити экстремалӣ муайян карда, оид ба беҳтар намудани шароити меҳнатии бунёдкорони неругоҳҳои обии барқӣ, аз ҷумла НБО-и “Норак” тавсияҳо тартиб доданд. Тадқиқоти профессор А. Бобоев ҳаргиз кӯҳаншаванда нест, балки дар шароити имрӯза аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “Саломатии миллат-бойгарии асосии давлат аст” ва маҳз тадқиқоти илмии профессор А. Бобоев бори дигар собит месозад, ки ғизои солим манбаи асосии қувваи кории сохтмончиён аст ва ба даъвоҳои беасоси баъзе муллотарошон бо ибораи “гирифтани рӯза новобаста аз ҷойи кор ба ҳама фарз аст” нуқта гузоштааст. Инчунин, дар масоили муҳимми беҳдошти меҳнат ва ҳифзи муҳити зист зиёда аз 50 дастурҳои методӣ ва оид ба масъалаҳои беҳдошти меҳнат ва физиологияи одамоне, ки дар шароити иқлими гарм кор мекунанд, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст.

Устод Абдунаим Бобоев солиёни зиёд раиси Шурои илмии байнифакултавӣ, ҷонишин ва раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ихтисосҳои “Беҳдошт” ва “Эпидемиология”, раиси Комиссияи проблемавӣ оид ба фанҳои тибби назариявӣ буданд. Раиси Ҷамъияти илмии тиббии беҳдоштшиносони ИДМ, узви Шурои таҳририяи маҷаллаҳои “Гигиена труда и профисиональные заболевания” (ИДМ), “Здравоохранения Таджикистана” ва “Паёми Сино” вазифаҳои ҷамъиятиву пурмаҳсули устод Абдунаим Бобоев ҳастанд, ки аз шӯҳратёр будани ӯ дар соҳаи илми тибби тоҷик дарак медиҳад.

Ба Устоди арҷманд саломатии бардавом ва дар сояи дасти фарзандони некномаш ҳукумати давлати пириро аз даргоҳи Яздони пок дар талабонем.

 

Абдураҳмонов З. В.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Бахтиёрова Н. Б.-декани факултети тиббӣ-профилактикӣ


03.04.2025 315

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php