АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ ФОСИЛАВИИ ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ ДАР ШАРОИТИ МОС


АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ ФОСИЛАВИИ ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ ДАР ШАРОИТИ МОС

Рӯзҳои 27-29 марти соли 2025 дар ҳуҷраҳои таълимӣ-клиникии Маркази омӯзиши симулятсионӣ марҳилаи якуми Аттестатсияи фосилавии ординаторони клиникӣ (иҷроиши малакаҳои касбӣ), навбати дуюм дар соли таҳсили 2024-2025, баргузор гардид. Устодони кафедраҳои клиникӣ ва ординаторони клиникӣ аз чунин ихтисосҳо иштирок карданд: акушерӣ ва гинекология, анестезиология ва реаниматология, асабшиносӣ ва психиатрия, бемориҳои дарунӣ ва кардиология, бемориҳои кӯдакона ва неонатология, бемориҳои сироятии кӯдакон, дерматовенерология, онкология, стоматологияи ортопедӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи кўдакона ва ортодонтия, тибби оилавӣ, травматология ва ортопедия, урология, трансплантология, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, эндокринология. Ҳамагӣ тақрибан 1200 нафар ординаторони клиникӣ аз ин озмун гузаштанд. Рафти аттестатсия аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., Ҳусейнзода З.Ҳ. ва директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, н.и.т., дотсент Қобилзода Қ.К. назорат карда шуд.

 

  

Усмонов Ҷ.Н.-директори Маркази омӯзиши симулятсионӣ                 

                                                        

 


03.04.2025 303

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php