МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ РАВАНДИ КОРӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД
Имрӯз, 28-уми марти соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таҳти раёсати Раиси Шурои олимон, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид, ки масъалаҳои муҳимми фаъолияти корӣ дар рафти он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, ҳисоботи мудирони кафедраҳои бемориҳои кӯдаконаи № 2 (Давлатова С. Н.) ва беҳдошти муҳити зист (Шарифзода С. Ф. ) дар бораи вазъи корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ аз давраи интихоб шудан ба вазифа шунида шуд. Баъди таҳлилу баррасии масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта ба мудирони кафедраҳои болозикр ва масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Додхоҳ Ҷамшед Саидбобо вобаста ба омодагии Раёсати таълмӣ-методӣ, деканатҳо, МААМ ва кафедраҳо ба аттсеттатсияи хатм гузориш доданд. Ректори Донишгоҳ диққати аъзои Шурои олимонро барои дар сатҳи баланд гузаронидани аттестатсияи хатм ҷалб карда, барои холисона баҳогузорӣ намудани сифати дониши хатмкунандагон масъулинро муваззаф намуданд.
Дар фуроварди кори ҷаласа роҳбарияти Донишгоҳ ба баланд бардоштани сифати таълиму таҳсилот, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастуру ҳидоятҳои иловагӣ доданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА