ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ КЛИНИКӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Тибқи нақшаи муовинати корҳои муолиҷавӣ дар санаи 27.03 соли 2025 дар толори Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ ҷаласаи васеи Шурои клиникӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раисии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, раиси Шурои клиникӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. бо иштироки мудирони кафедраҳои клиникӣ, директорони марказҳои клиникӣ, роҳбарони ординаторони клиникӣ ва мутассадиёни корҳои муолиҷавии кафедраҳо баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои клиникӣ Ҳусейнзода З.Ҳ. ифтитоҳ намуда, вобаста ба рӯзнома ва масъалаҳои баррасишаванда ба аъзои Шурои клиникӣ маълумот пешниҳод намуд. Рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои зерин иборат буд:
- Ҳисобот оид ба корҳои муолиҷавии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 оид ба корҳои муолиҷавӣ дар давоми солҳои 2019-2024;
- Муҳокимаи самаранокии барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар кафедраҳои клиникии Донишгоҳ дар соли 2024
- Масъалаҳои гуногун.
Вобаста ба масъалаҳои ҷаласа мутассадии корҳои муолиҷавии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 н.и.т., дотсент Хоҷаева Н.Н. ва директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ н.и.т., дотсент Қобилзода Қ.К. маъруза намуданд. Ҳамчунин дар масъалаҳои гуногуни ҷаласа масоили вобаста ба имтиҳони фосилавии ординаторони клиникӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби муҳассилин, муоинаи тиббии кормандон ва ғайраҳо муҳокима карда шуданд. Дар баррасии масъалаҳо ҳамчунин мудирони кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲС д.и.т., профессор Юнусов И.А. ва мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ н.и.т., дотсент Зубайдов Р.Н. иштирок намуданд.
Ҷаласа бо қабул намудани қарорҳои дахлдор ба итмом расид.
Муовинати корҳои муолиҷавӣ