МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА


МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳ ҳамоиши маърифатӣ дар мавзуи «Муқовимат алайҳи терроризму ҷинояткорӣ – вазифаи ҳар фарди ҷомеа» бо ҳузури намояндагони ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иштироки васеи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш нахуст муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳ – Аҳрориён З.А. суханронӣ намуда, ҳузури меҳмононро дар Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҳамкориҳои судманди ВКД –ро бо МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» муфид арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, иброз дошт, ки Раёсати Донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида, дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ саҳми беназир дорад.

Сипас, сардори шуъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҷумъазода Орзу Усмон оид ба масъалаҳои муқовимат алайҳи терроризму экстремизм баромад намуд. Зимни суханронӣ иброз дошт, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм вазифаи ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб ёфта, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашариро гиромӣ дошта, баҳри решакан намудани ақидаҳои ифротӣ талош варзад. Чи хеле ки барои мо маълум аст, яке аз муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳон, ки боиси нигаронии кулли сайёра гардидааст, ин ривоҷ ёфтани терроризму экстремизми байналмилалӣ мебошад. Бо таассуфи зиёд гуфтан ба маврид аст, ки ҷаҳони муосир дар чунин ҳолати душвор шоҳиди вайрону валангор гардидани шаҳру давлатҳо ва кушта шудани сокинон он гардидааст. Хушбахтона, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҷумҳурии мо солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ рӯ ба коҳиш ниҳода омадааст.

Ҷавонони моро мебояд, бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо пайи илмомӯзӣ гардида, дар пешрафту шукуфоии мамлакат камари ҳиммат банданд.

Инчунин, полковники милитсия Ҷумазода Орзу Усмон роҷеъ ба сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон баромад намуда, иброз дошт, ки дар кишвари мо, ки ҷавонон қишри муҳими ҷомеаро ташкил медиҳад, бояд дар пайи омӯзиш шуда, дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳми бориз гузоранд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ҷавононро «Неруи созанда» унвон кардаанд, бар он раҳнамоӣ мекунад.

Амирхонзода Амриддин-сардори шуъбачаи огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғони шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино атрофи пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир ва таъсири он ба амнияти ҷомеаи кишвар ибрози андеша карда, баҳри бартараф намудани он ба ҷавонон ҳидоятҳои муфид доданд.  

Илова бар ин, сардори гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ноҳияи Сино Маҳмадсаид Саидов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонони фаъоли Донишгоҳи тиббӣ узви ташкилоти ҷамъиятии Авангард буда, ҳамвора дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд. Минбаъд низ умед аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро беҳтар намуда, ҳамроҳ дар рушду нумуи кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Дар охир муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳ аз номи Раёсат ва ҳайати кормандону омӯзгорони Донишгоҳ ҳамчуни мизбон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҳамоиш ба намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос баён намуд.


4
3
2
1
27.03.2025 129

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php