ОЗМУНИ “САНЪАТИ ГИСТОЛОГИЯ”


ОЗМУНИ “САНЪАТИ ГИСТОЛОГИЯ”

Дар кафедраи гистология озмуни маърифатии “Санъати гистология” баргузор гадид. Мақсади ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён аз фанни гистология, ҳавасманд кардани онҳо ба донишандӯзӣ  ва бо ҳамин васила равнақ додани усулҳои нави муосири таълим дар раванди таълимӣ ҳисобида мешавад. Озмун байни донишҷӯёни хориҷии курси якум баргузор гардид.

Озмун аз се марҳила иборат буд-

1. Марҳилаи аввал таҳлили микроскопии мустаҳзар. Донишҷӯён бояд мустаҳзарро дар зери микроскоп дида онро  муайян кунад ва мушоҳидаҳои худро дар давоми 10 дақиқа менависанд.

2. Марҳилаи дуюм муайян кардани сохту вазифаи узв дар тасвир оварда шуда. Донишҷӯён бояд узвро дуруст тавсиф кунад.

3. Марҳилаи сеюм- нишон додани эҷодкорӣ ва истифодаи донишҳои назариявии гистология. Ҳар гуруҳ бояд сохти гистологии расми як узвро тасвир намоянд бо истифодаи дониш ва қобилияти эҷодӣ.

Шартҳои озмун пурра фаҳмонда шуда, он дар шакли озод доир карда шшуд. Баъди ҷамъбасти натиҷаҳо ба донишҷӯён мукофотҳо супорида шуд. Ҷойи аввал ба донишҷӯи гуруҳи 5 Gurjar Harshraj барои беҳтарин таҳлили микроскопии мустаҳзари гистологӣ, ҷойи  дуюм ба донишҷӯи гуруҳи 7 Padingattedath Rajan Anuragha  барои беҳтарин тавсифи сохту вазифаи узв дар тасвир оварда шуда. Инчунин, 2 ҷойи иловагӣ барои беҳтарин расм ба донишҷӯи гуруҳҳои 6 ва 11 дода шуд.

Ин озмун мисоли равшани он гардид, ки дониши гистология на танҳо назариявӣ, балки аёнӣ  ҳам шуда метавонад, ки ин ба пурратар ва бошуурона аз худ намудани мавод мусоидат мекунад. Ба раванди таълимӣ дохил намудани элементҳои эҷодӣ нишон дод, ки равишҳои эҷодӣ дар омӯзиши унсурҳои гистологӣ то чи андоза муҳиманд. Донишҷӯён бо нишон додани унсурҳои гистологӣ дар шакли расмҳо на танҳо дониши назариявии худро мустаҳкам намудаанд, балки қобилияти дидан ва шарҳ додани унсурҳои микроскопиро аз призмаи санъат инкишоф доданд.

Кафедраи гистология


27.03.2025 143

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php