ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ БЕРУНАЗДОНИШГОҲӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ
Самти тарбиявии Донишгоҳ ҷиҳати фаъолона иштирок намудани кормандону донишҷӯён дар чорабиниҳои ноҳиявию шаҳрӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз корбарӣ намуда, санаи 20-уми марти соли равон, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хаём» чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯз-2025 баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд. Дар чорабинии мазкур кормандони самти тарбия, ҲПО ва 50 нафар донишҷӯдухтари Донишгоҳ бо либоси ягонаи миллӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар ин ҷашни аҷдодӣ, ки бо як тантанаи хос баргузор гардид, аз ҷониби намояндагони Донишгоҳ дастархони Наврӯзӣ–ҳафтсину ҳафтшин, адрасу чакан, суманак ва дигар унсурҳои фарҳангӣ оро ёфта буд, намоиш дода шуд. Инчунин, санаи 21-уми марти соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи Ғалаба чорабинии бошукуҳи идона бахшида ба ҷашни Наврӯз-2025 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 100 нафар донишҷӯдухтарони Донишгоҳ бо либоси ягонаи миллӣ ва суманак фаъолона иштирок намуданд.
Санаи 20.03.2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муассисаву марказҳои зерсохтори Вазорат Наврӯзи аҷам бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуда, дар доираи он озмуни хони беҳтарини наврӯзӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ низ муовинати тарбия дар якҷоягӣ бо Маркази «Стоматология»-и Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо густурдани хони наврӯзӣ, инчунин, намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои самти варзишии Донишгоҳ соҳиби мақоми 2-юм гашта, бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда шуд.
Муовинати тарбия