НАВРӮЗ ВА ҶАҲОНИШАВИИ ОН


НАВРӮЗ ВА ҶАҲОНИШАВИИ ОН

Наврӯз оғози дубораи сол, зиндашавии табиат, бедории паррандаҳои афсункор, шукуфтани гулҳои рангбор, хуллас рӯзи нав барои шоҳкории табиат ба ҳисоб меравад. Наврӯз таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, расму ойини гузаштаи тоҷикро то имрӯз зинда нигоҳ дошта аст.

Рамзҳои идонаи наврӯзӣ хеле хос буда, ба кулли муаррифгари маданияти мардуми ориёитабор ба ҳисоб меравад. Решаи нишонаҳои наврӯзӣ аз қабили гуштингирӣ, гулгардонӣ, тоза намудани хонаву дар, ба бар намудани либосҳои миллӣ, оро додани дастархон бо ҳафт сину ҳафт шин ва амсоли  ба умқи таърих рафта мерасад. Наврӯз ҷашни оштиву дӯстӣ низ мебошад, зеро рӯзест ки одамон қаҳру кинаи дилро холӣ намуда, бо чеҳраи гарму кушода якдигарро мебахшанд.

Ҷашни Наврӯзро шоирони мо васфу ситоиш намуда, ашъори пурғановати худро ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштаанд. Мисоли хуб Ҳофизи Шерозӣ мебошад, ки боди Наврӯзро боди зиндашавии эҳсосоту ишқ ба ёри худ шабоҳат додааст:

Зи кӯйи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрозӣ.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлил гардидани ҷашни Наврӯзи аҷдодӣ, инчунин ба он мақоми байналмилалӣ низ дода шуд..

Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад.

Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёнаи баргирифта маънои рӯзи навро дорад. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.



                                                                                                          Шоираи Дилшод - донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, аъзои ТҶ «Пайравони Пешвои миллат»


27.03.2025 139

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php