АЁДАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР – ЯКЕ АЗ ОИНҲОИ НЕКИ НАВРӮЗӢ


АЁДАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР – ЯКЕ АЗ ОИНҲОИ НЕКИ НАВРӮЗӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту сӯҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат санаи 20.03.2025 ҳайати кормандони кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ якҷо бо клиникаи гӯшу гулӯ ва бинӣ дар остонаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ҷиҳати аёдати кӯдакони бепарастор ва ятимону маъюбон ба Муассисаи ҷумҳуриявии осоишгоҳи кӯдаконаи «Қаратоғ» ташриф оварда, бо бошандагони он вохӯрӣ анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ аз вазъи саломатии кӯдаконе, ки ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, бохабар гардида, барои ҳамаи онҳо, ки ҳудуди 120 нафарро ташкил медиҳанд, дастархони идона ороста, хӯроки нисфирӯзӣ дода шуд. Инчунин, барои кӯдакони бепарастору маъюб тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Дар фарҷом дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳ барномаи консертии рангини идонаро пешкаши бошандагони ин муассиса гардонид, ки бар шодиву нишоти онҳо таровати хоса зам карда шуд.

Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри оромиву ободии Ватан, шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон дуои хайр намуданд.

Ин иқдоми башардӯстонаи омӯзгорони кафедраи оториноларингологияи Донишгоҳро метавон намунаи ибрат арзёбӣ намуд.


26.03.2025 120

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php