ДАР ҶАВОНИ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ (ИҚДОМИ НЕКИ ҲАЙАТИ КАФЕДРАИ ТАБК ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶАМ)


ДАР ҶАВОНИ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ (ИҚДОМИ НЕКИ ҲАЙАТИ КАФЕДРАИ ТАБК ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶАМ)

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми форсу таҷикзабон мебошад, ки аз қадимулайём дар байни мардум ҷашн гирифта мешавад ва ҳеҷ ҷашне ҳамқадам бо табиат  ва ҳамагонӣ, мисли Наврӯз нест. Наврӯз рӯзи нав, оғози ҳаёт, эҳё ва навсозӣ аст. Наврӯз рӯзи таваллуди дубораи ҳаёти замин, тамоми мавҷудоти рӯи замин ва бедории табиат пас аз хоби зимистона аст. Рӯзест, ки дарахтон пироҳани сабз дар бар ва гулҳои рангорангро бар гесувони худ меовезанд. Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муазами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки маъюбон ҳамеша ғамхорӣ ва дастгирии давлату Ҳукуматро эҳсос намуда, ҳуқуқҳои онҳо ҳамеша ба эътибор гирифта шаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбонро аъзои баробарҳуқуқи ҷомеа эътироф мекунад. 22 марти соли 2018 Пешвои миллат ба муроҷиатномаи пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуки маъюбон, ки эътирофи ҳуқуқи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, имзо гузоштанд. Баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврал «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба омода намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиби татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон барои солҳои 2020-2024» қабул карда шуд.  Тибқи маълумоти СММ, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 1 миллиард одамони дорои маъюбият мавҷуданд. 80% одамони дорои маъюбият дар саросари ҷаҳон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунанд ва 46% пиронсолони аз 60-сола ва болотар аз он маъюб мебошанд. Дар ҷаҳон 10% кӯдакон маъюб мебошанд. Яке аз ҳадафҳои асосии Рӯзномаи Рушди устувор то соли 2030 ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон мебошад. Қабули Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар соли 2006 идомаи мантиқии кори чандинсолаи СММ дар ин самт  буд.  Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба ин қишри осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва як қатор санадҳои ҳуқуқии дигар, аз ҷумла санадҳои байналмилалӣ, ​​ки ба танзими фаъолияти ин қишри ҷомеа нигаронида шуда буданд, қабул шудаанд. Ҳукумати Ҷумњҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои маъюбон васоити техникӣ, аз қабили протез, аробачаҳо ва дигар асбобҳои ҳаракаткунанда ҷудо мекунад. Бо ташаббуси Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюбон доранд, ёрии техникии ройгон расонида мешавад.

     Аз тарафи донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳҳои 16 ва 21-уми факултети стоматологӣ таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона Муродова Ф.С.  санаи 19 марти соли 2025 ба МД “Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахурон ва маъюбони” ш. Душанбе бо мақсади дилхушии маъюбон ва нафақахурон дар арафаи омад-омади ҷашни Наврӯз рафтанд.     Аз тарафи донишҷӯён ба ҳар як маъюб ва нафақахур тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Донишҷӯён барномаи идона пешниҳод намуданд, ки аз маълумот оид ба пайдоиши Наврӯз, суханҳои табрикотӣ бо забонҳои хориҷӣ аз ҷумла тоҷикӣ, рӯсӣ, англисӣ, хитоӣ, арабӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, олмонӣ, фаронсавӣ,  шеърхонӣ, сурудхонӣ дар бораи Наврӯз, саҳначаҳои бадеии идона, рақсу бозӣ ва викторина иборат буд, баргузор намуданд.  Дар охир аз тарафи пиронсолон миннатдорӣ ва дуоҳои зиёд эҳё гардид.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


20.03.2025 298

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php