ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ МУҲИТИ АТРОФ ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ НАВРӮЗИ АҶДОДӢ АСТ
Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаи 20-уми марти соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ шанбегӣ баргузор гардид. Ҳадафи ин иқдом тозаву озода намудани ҳудуди Пажӯҳишгоҳ ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯз буд.
Дар шанбегӣ кормандон фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи бинои Пажӯҳишгоҳро аз партовҳо тоза карданд, гулҳои нав шинонданд ва бо шодию фараҳ ба корҳои ободонӣ машғул шуданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва гиромидошти арзишҳои Наврӯз саҳм гузоштанд.
Директори Пажӯҳишгоҳ, профессор Саидзода Б.И., аз иштироки фаъолонаи кормандон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки шанбегиҳо на танҳо барои зебо гардонидани муҳит, балки барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни ҳайати кормандон муҳиманд.
Чорабинии мазкур дар фазои дӯстона ва муттаҳидӣ баргузор шуда, барои фароҳам овардани муҳити тоза ва омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.