БА ФАРҲАНГИ ПУРҒАНОВАТИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРЕМ!


БА ФАРҲАНГИ ПУРҒАНОВАТИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРЕМ!

 Санаи 19.03.25 дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ тибқи нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ барои пос доштани азишҳои миллӣ иқдоми “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардид. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки занон- модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд. Дар ин фасли зебои сол- баҳори нозанин дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби суннатҳо ва арзишҳои миллӣ ва фаврҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.

Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба ҳар як зан – бонуи тоҷик зарурӣ буда, боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии роҳбарияти олии мамлакат ба пӯшидани либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Сол то сол пӯшидани либосҳои миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон рушд карда, бо хусусияту моҳияти хоси худ ва таърихи офаринишашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Яке аз ҳунарҳои  волои мардуми тоҷик ин гулдӯзии чакан мебошад. Чакан ҳамчун либоси миллӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ кашида, моҳи ноябри соли 2018 ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. Либоси дигари миллати тоҷик атласу адрас мебошад, ки имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас истеҳсол шуда, бонувони тоҷик аз ин навъи матоъҳо либоси ба талаботи замона мувофиқ медӯзонанд.

Халқи тоҷик воқеан дар либоспӯшӣ фарҳанги хоси худро дошта, ҳадаф аз чунин иқдом роҳандозӣ кардани таҳкими худшиносии миллӣ ва маърифати зебоишиносӣ ва тақвияти арзишҳои миллӣ мебошад.

 


20.03.2025 260

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php