КАФЕДРАИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИИ № 2 НАВРӮЗИ АҶАМРО ТАНТАНАВОР ИСТИҚБОЛ ГИРИФТ
Субҳи 19-уми марти соли ҷорӣ ҳайати кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2 дар фазои идона омад –омади Наврӯзи аҷдодиро бо шукуҳи шаҳомати хос истиқбол намуданд. Оростани дасторхони наврӯзӣ, хурокҳои миллӣ, либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷашни мазкур таровати иловагӣ замм мекард.
Иштирокдоронро мудири кафедра Қозидавлатзода Б. Қ. ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, зикр доштанд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ин ҷашни миллии мардуми ориёитабор ба иди байналмилалӣ табдил ёфт ва шаҳодат аз эътирофи таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Гарчанде атрофи таҷлили ин ҷашн дар байни муаррихону муҳақққон фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд дошта бошанд ҳам,, вале мафҳуми асосии он, яъне “Наврӯз” калимаи ноби тоҷикист. Дар идомаи суханронӣ роҳбарияти кафедра бо шукригузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар даъват ба амал оварданд, ки ҳар як сокини соҳибхиради кишвар бояд ба анъанаҳои неки ниёгон арҷ гузорад ва онҳоро ҳифз намояд ва мо низ масъул ҳастем, ки дар машғулиятҳои лексионию амалӣ донишҷӯёнро аз таъриху тамаддуни рангини миллати куҳанбунёди тоҷик огоҳ ннамоем.
Қироати шеърҳо, намоиши дасторхони миллӣ, либоси миллӣ, ва сурудхонӣ аз ҷониби омӯзгорон ба чорабинии мазкур ҳусну назокати идона бахшид.