НАВРӮЗ ДАР КАФЕДРАИ АСАБШИНОСӢ, ПСИХИАТРИЯ ВА ПСИХОЛОГИЯИ ТИББӢ БА НОМИ ПРОФЕССОР М.Ғ. ҒУЛОМОВ


НАВРӮЗ ДАР КАФЕДРАИ АСАБШИНОСӢ, ПСИХИАТРИЯ ВА ПСИХОЛОГИЯИ ТИББӢ БА НОМИ ПРОФЕССОР М.Ғ. ҒУЛОМОВ

Наврӯз – ҷашни бедории табиат, рамзи эҳёи рӯҳиву ҷисмонӣ ва оғози соли нав барои мардуми ориёинажод маҳсуб меёбад. Ин иди бостонӣ, ки бо худ шодию нишот, ҳамдилӣ ва эҳтироми анъанаҳои ниёгонро меорад, ҳамасола дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Дар кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи профессор М.Ғ. Гуломов низ ин ҷашни аҷдодӣ бо як тантанаи хос баргузор гардид. Чорабинии Наврӯзӣ дар толори лексионӣ доир шуд, ки бо рамзҳои хоси Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, адрасу чакан, суманак ва дигар унсурҳои фарҳангӣ оро ёфта буд. Ин ороиши зебо ба фазои толор ранги хос бахшида, тамошобинонро ба асолати аслии ин ҷашн наздиктар сохт.

Чорабинӣ бо суханронии мудири кафедра н.и.т., дотсент Ганиева М.Т. оғоз гардид. Дар он таърихи бостонии Наврӯз, арзиши фарҳангии он ва нақши он дар муттаҳидсозии халқҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллии мардуми форсизабон, балки мероси фарҳангии тамоми башарият ба шумор меравад. Бо далелҳои таърихӣ қайд карда шуд, ки Наврӯз аз соли 2010 дар қатори ҷашнҳои байналмилалӣ қарор гирифта, дар бисёр кишварҳои дунё таҷлил мегардад.

Донишҷӯёни кафедра бо омодагии ҷиддӣ барномаи ҷолибе таҳия намуда буданд. Онҳо бо шеъру сурудҳои наврӯзӣ, ки бузургии ин ҷашн ва ҷилои фарҳангии онро васф мекарданд, хотири ҳозиринро шод гардонданд.

Устодони кафедра бо суханрониҳои худ таърихи таҳаввули Наврӯз, анъанаҳои он дар кишварҳои гуногун ва ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва маънавии ин ҷашнро шарҳ доданд. Таъкид гардид, ки Наврӯз рамзи навсозии рӯҳӣ ва покии ботинӣ буда, аҳамияти хоссаи равонӣ ва иҷтимоӣ низ дорад.

Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва шодию сурур ҷамъбаст гардид. Ҳамаи ҳозирин бо табъи болида ва эҳсоси гарми наврӯзӣ толорро тарк намуданд. Ҷашни Наврӯз, ки бо тамоми рангорангии худ таҷлил гардид, бори дигар собит сохт, ки фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ нерӯи муттаҳидсозӣ доранд ва моро ба сӯи ҳамдигарфаҳмӣ ва рушд раҳнамун месозанд.

Наврӯз муборак бод!


20.03.2025 253

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php