НАВРӮЗ – ҶАШНИ БАҲОРУ ОҒОЗИ ЗИНДАГИИ НАВ


НАВРӮЗ – ҶАШНИ БАҲОРУ ОҒОЗИ ЗИНДАГИИ НАВ

Иди Наврӯз омаду гул бо ҷамоли нозанин,
 Сабзаю гулҳои олам сар барорад аз замин.
      Ҳар гиёҳе хушк бошад, сабз гардад дар баҳор,
       Ҳайфи тухмӣ одамӣ, ҳаргиз нарӯяд аз замин.   

Наврӯз яке аз қадимтарин ва зеботарин    ҷашнҳои мардуми форсизабон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Қафқоз ва қисматҳои дигари ҷаҳон аст. Ин ҷашн на танҳо оғози соли нав, балки рамзи эҳёи табиат, тозагӣ ва зиндагии нав аст, ки ҳамасола бо фарорасии баҳор, рӯзи 21-уми март таҷлил мешавад ва оғози соли навро ифода мекунад.

Наврӯз як ҷашни қадимӣ ва фарогир аст, ки дар тамоми минтақаҳои Осиё ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мешавад. Аммо барои тоҷикон, Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як рамзи аҳамияти амиқ ва фарҳангии худ мебошад. Ҷашни Наврӯз барои мо – миллати тоҷдор мақоми махсуси сиёсӣ ва фарҳангӣ дорад, зеро Наврӯз иртиботи амиқ бо таърихи пурғановати миллат ва арзишҳои маънавии мо дошта, ҳамчун ҷашни миллӣ дар зиндагии мо мавқеи худро дорад. Наврӯз — ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.

Бино бар ривоятҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯз ҳанӯз аз замони подшоҳони Ҳахоманишӣ (асрҳои VI–IV пеш аз милод) ва пеш аз он низ таҷлил мешуд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки подшоҳ Ҷамшед Наврӯзро ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва оғози зиндагии нав эълон кард.

Наврӯз, ҷашни кӯҳан ва ҷаҳонӣ, бо арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоии хеш аҳамияти хеле калон дорад. Агарчи Наврӯз бештар ҳамчун ҷашни табиат ва оғози баҳор маъруф аст, вале дар замони муосир он як рамзи ҳамгироии миллӣ ва байналмилалӣ ва як асбоби муҳими дипломатия ва сиёсати фарҳангӣ шудааст. Ин ҷашн аз ҷониби кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун нишонгузори баробарии инсонҳо ва пешрафти ҳамкории байналмилалӣ истифода мешавад. Ин аст, ки  Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки дорои анъанаҳои Наврӯзӣ ва фарҳангии қадима аст, дар ҷаҳонишавии ин ҷашн нақши барҷаста дорад. Ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон дар пешниҳод ва баргузор намудани форумҳои байналмилалӣ ва конфронсҳои Наврӯзӣ беҳтарин намунаи нақши ин кишвар дар баланд бардоштани мавқеи Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон барои эълони 21-уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз дар СММ ва ЮНЕСКО нишон медиҳанд, ки Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки як ҷашни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад, ки таъсири бузург ва шодмониро дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд меорад.

Наврӯз бо расму оинҳои махсуси хеш имрӯз маъруфият дорад. Аз ҷумла:

• Тозакории хонаҳо – пеш аз Наврӯз мардум хонаро тамиз мекунанд, рамзи покии ҷисмонӣ ва маънавӣ.

• Омодасозии дастархони ҳафтсин ё ҳафтшин – ки ҳар як унсури он маънои рамзӣ дорад (масалан, сабза – рамзи зиндагии нав, сирко – хирад, себ – зебоӣ).

• Гузаронидани «Гули сурх» ва «Суманакпазӣ» – маросимҳое, ки ҳамгироии мардум ва шодмониро таҷассум мекунанд.

          • Бузургдошти пирон ва аёдати наздикон – эҳтироми калонсолон ва тақвияти робитаҳои оилавӣ.

Дар байни мардуми тоҷик рубоиву сурудҳои зиёди наврузӣ вуҷуд доранд, ки асосан дар айёми Наврӯз суруда мешаванд. Яке аз ғояҳои асосии рубоиву таронаҳои наврӯзӣ ин муқобилгузории фаслҳои зимистону бахор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани баҳор ва иди Наврӯз шодию хуррамӣ мекунанд, аз ин хотир ҷашни Наврӯз дар таронаҳои мардуми бо оғози баҳор ва як навъ озодӣ айният дорад. Ин чо аз рубоиҳои мардумӣ якчанд намуна меорем.

  Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,
    Аз рафтани дай ҷумла беғам гаштем.
Дидему шунидем сад меҳнату ғам,
  Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.

Имрӯз Наврӯз дар бештар аз 10 кишвари ҷаҳон расман ҷашн гирифта мешавад ва соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистони азизиамон аз ҷониби СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Наврӯз на танҳо як ҷашни таърихӣ, балки рамзи ҳамгироӣ, сулҳ ва эҳёи табиат аст. Он ба инсон нерӯи тоза мебахшад, дӯстӣ ва ҳамдилӣ меорад ва ҳар як шахсро барои оғози соле пур аз некӣ ва саодат омода месозад..

Зайнудинова П. Қ.- ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2


20.03.2025 288

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php