ЛИБОСИ МИЛЛӢ – РУКНИ ФАРҲАНГ ВА РАМЗИ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


ЛИБОСИ МИЛЛӢ – РУКНИ ФАРҲАНГ ВА РАМЗИ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар доираи аксияҳои “Тоҷикона мепӯшем” ва “Зан – мазҳари покизагист” дар кафедраи физиологияи патологӣ омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон дар давоми ҳафта барои баланд бардоштани фарҳанги либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва пешгирӣ аз фарҳанги бегона либосҳои миллӣ ба бар намуданд.

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, дар тӯли қарнҳо шинаму зебогиашро гум накардааст. Либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро инъикос мекунад.

Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳое, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро ифода мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.

Кафедраи физиологияи патологӣ 


20.03.2025 247

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php