ТАҲҚИҚОТИ ЭКСПЕРИМЕНТАЛӢ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ
Дар бахши ҷарроҳии эксперименталии ОИТ-и МД "Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ" дар ҳамкорӣ бо кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 ба номи академик Усмонов Н.У. барои натиҷагирии қисми эксперименталии кори илмӣ-таҳқиқотии дарозмуддат (6 моҳа) дар мавзуи «Сохтани модели эксперименталии ишемияи девораи пеши шикам» таҳти роҳбарии профессор Артыков К.П., мутасаддиён доктори илмҳои тиб Маликов М.Х., доктори илмҳои тиб Амонов Ш.Ш., унвонҷӯён номзади илмҳои тиб Боқиев Ф.Б., Худойдодов О., Зуҳуров А.М. оғоз гардид.
Зери беҳискунии умумӣ дар мавзеи девораи пеши шикам қабат ба қабат пӯст, миёнҳои сатҳӣ ва амиқ то мушакҳои рост ҷудо карда шуд. Ба шараёнҳои магистралии девораи пеши шикам маҳлули рангаи сабз (метиленовый синий) (3,0 мл) ворид карда шуда, дар ҷойи тақсимшавии шараён баста шуда, ишемияи ин мавзеъ ҳосил карда шуд. Ҳолати хунгардиши ин мавзеъ назорат карда шуда, баъд аз тағйироти хунгардиши ин мавзеъ бо таҳлилҳои морфологӣ натиҷагирӣ карда мешаванд.
Ин таҳқиқот барои омӯзиши механизмҳои ишемия ва рушди усулҳои нави табобати он аҳамияти хосса дорад.