НАВРӮЗ – ҶАШНИ ТАБИАТ ВА ФАРҲАНГ
Наврӯз яке аз қадимтарин ва пуршарафтарин ҷашнҳои мардумони ориёинажод аст, ки ҳар сол бо оғози баҳор дар рӯзи 21-уми март таҷлил мешавад. Ин ҷашн таърихи беш аз 6000-сола дошта, рамзи эҳё, навшавӣ ва ҳамоҳангии инсон бо табиат ба ҳисоб меравад. Наврӯз, ки рамзи бедории табиат, эҳёи суннатҳои ниёгон ва ваҳдати мардумон аст, ҳамасола ба қалбҳои мо гармӣ ва нур мебахшад. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо оғози соли нави аҷдодӣ, балки василаи таҳкими дӯстиву бародарӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии мо низ мебошад.
Наврӯз аз замонҳои бостон реша гирифта, сарчашмаи онро ба шоҳ Ҷамшед дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки Ҷамшед дар ин рӯз тахтнишин гашта, шодиву нишотро ба мардум овард ва он рӯзро Наврӯз номиданд. Дар аҳди Ҳахоманишиён ва Сосониён, Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ бо шукӯҳ таҷлил мешуд. Ҳатто бо омадани ислом ҳам, ин анъана бо баъзе тағйиротҳо ҳифз гардид ва то имрӯз боқӣ мондааст.
Наврӯз бо расму оинҳои гуногун таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла:
· Ҳафтсин ё ҳафтшин – дар хони Наврӯзӣ ҳафт навъ маҳсулоте мегузоранд, ки номи онҳо бо ҳарфи "с" ё "ш" оғоз мешавад (масалан, сирко, себ, сабза, самбуса, санҷид, суманак, сирпиёз ).
· Суманакпазӣ – яке аз суннатҳои муҳим аст, ки занон шабона суманак мепазанд ва бо ҳам шодиву суруд мехонанд.
· Гузаронидани ҷашнҳо ва бозиҳо – мардум ба идгоҳҳо рафта, бозиҳои суннатӣ, ба монанди бузкашӣ, гӯштингирӣ ва дигар варзишҳои миллӣ мегузаронанд.
Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва ҳатто дар минтақаҳои гуногуни Русия ва Ҳиндустон таҷлил карда мешавад. ЮНЕСКО онро соли 2010 ба феҳристи Мероси ғайримоддии фарҳангӣ шомил намуд.
Хуллас, Наврӯз на танҳо оғози соли нав, балки рамзи ҳамбастагии инсон бо табиат ва фарҳанги пурғановати аҷдодӣ мебошад. Ин ҷашн мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии нек даъват мекунад. Дар охир, аз номи шоир гуфтаниям:
Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми ҳазор омад, Наврӯз муборак бод.
Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод.
Гаҳ абр гуҳар корид, гаҳ абр ба сар борид,
Давлат ба диёр омад, Наврӯз муборак бод.
Солеҳзода Ш. З.-
ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист