МАҲФИЛИ МУШТАРАКИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН
Дар толори Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино вебинари муштараки Ҷамъияти илмии донишҷӯён бо иштироки кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ ва кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва фармакогнозияи Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд баргузор гардид.
Дар рафти он маърӯзаҳои зерини илмии донишҷӯён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд:
· Юнусов Асомуддин (донишҷӯи курси 3) – «Фитохимическое исследование Ferula violacea и Alchemilla tredecimloba»
· Валиева Меҳрбону (донишҷӯи курси 5) – «Исследование флавоноидного содержания растения Dianthus tetralepis Nevski»
Дар анҷоми вебинар муколамаи илмӣ, саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои судманд сурат гирифт, ки барои таҳкими ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои илмӣ миёни донишҷӯёни Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидат намуд.
Чунин чорабиниҳо на танҳо сатҳи дониш ва малакаи илмии донишҷӯёнро баланд мебардоранд, балки барои тавсеаи ҳамкориҳои илмии оянда низ замина мегузоранд
Наврӯззода Г.Ф.-
мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ.