ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ МУБОРАК!
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!
Наврӯз дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши Истиқлолияти давлатиамон ба марҳалаи нави эҳёи худ расида, туфайли сиёсати тамаддунофар ва фарҳангпарваронаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид.
Бо Наврӯз ниёгони мо ба ҷомеаи башар пайғоми хираду дониш, фазилати инсонпарварӣ, меҳрварзию мардумсолориро расонданд. Шояд дар олам ҷашни дигар мисли Наврӯз вуҷуд надошта бошад, ки суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои гуногуни олам ҳамчун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ онро ҷашн гиранд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид менамоянд: «Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад».
Бигзор, Наврӯзи бостонӣ ва баҳори нозанин барои мардуми Тоҷикистони азиз фаровониву ободӣ, шодиву нишот ва дастовардҳои беназир оварад.
Кафедраи технологияи фарматсевтӣ ба номи профессор Халифаев Д.Р.